Friday, February 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Тоҷикистон “лимит”-и барқ камтар мешавад

Дар Тоҷикистон “лимит”-и барқ камтар мешавад

Сар аз 5-уми январ интиқоли барқ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон 5 соат афзоиш ёфта, аз 12 соати имрӯза ба 17 соат хоҳад расид.

Тибқи ҷадвали нави интиқоли барқи ширкати “Барқи Тоҷик”, аҳолии деҳот сар аз панҷшанбеи ҳафтаи ҷорӣ аз соати 05.00 то 22.00 барқ хоҳанд гирифт.  Дар ҳоли ҳозир, тибқи иттилои ширкати барқрасон,  барқ шабонарӯз 12 соат — аз 5-и субҳ то соати 11 ва аз соати 16 то 22 дода мешавад. Аммо хонандагон менависанд, ки дар навоҳӣ интиқоли барқ яксон набуда, дар баъзе ҷойҳо 7-8 ва ҷойҳои дигар то 20-22 соат дода мешавад.

Тибқи ҷадвали нави интиқоли барқ, минбаъд барқ 17 соат бетанаффус дода шуда, аз соати 22.00 то 5-субҳ интиқоли он қатъ мегардад.

Сабаби афзоиши интиқоли барқро мақомот ба бакордароии Маркази гармидиҳии “Душанбе-2” ва афзоиши захоири об дар обанбори Норак нисбат медиҳанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular