Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИмсол 16 ҳазор нафар аз барномаи давлатии кӯчидан ба Русия истифода кардаанд

Имсол 16 ҳазор нафар аз барномаи давлатии кӯчидан ба Русия истифода кардаанд

Дар се моҳи аввали соли 2022 ҳудуди 16 ҳазор нафар аз барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ба Русия (государственная программа по переселению соотечественников в Россию) баҳра бурдаанд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон аз Вазорати корҳои дохилии Русия хабар доданд.

Ба гуфтаи ин вазорат, шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Арманистон аз ин барномаи давлатӣ бештар аз дигарон истифода кардаанд. Камтар аз ин кишварҳо шаҳрвандони Узбекистон, Молдова, Қирғизистон ва Озарбойҷон низ аз ин барнома истифода карда, ба Русия кучидаанд.

«Дар семоҳаи аввали соли 2022 ҳудуди 27 ҳазор нафар ҳамватанон хоҳиши кӯчидан ба Федератсияи Русияро барои истиқомати доимӣ хоҳиш карда, арзи ҳудуди 16 ҳазор нафар қонеъ карда шудааст», — хабар медиҳад ВКД Русия.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular