Saturday, January 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАфзоиши шумори маҷрӯҳони ҳамалоти Исроил ба Масҷид-ул-Ақсо

Афзоиши шумори маҷрӯҳони ҳамалоти Исроил ба Масҷид-ул-Ақсо

Шумори маҷрӯҳони фаластинӣ дар ҳамалоти низомиёни Исроил ба Масҷид-ул-Ақсо дар Қудси ишғолӣ ба 152 тан афзоиш ёфт. 

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин тай баёнияе эълом кард, ки теъдоди маҷрӯҳони фаластинӣ дар ҳамалоти субҳи имрӯзи низомиёни Исроил ба Масҷид-ул-Ақсо дар Қудси ишғолӣ ба 152 тан расид. 

Дар ҳамин росто полиси Исроил муддаӣ шуд, ки садҳо тан аз фаластиниён, ки дар ҳавлии Масҷид-ул-Ақсо ба “даст ба хушунати задаанд”, боздошт шуданд. 

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмара Фаластин пештар эълом карда, ки 59 тан аз маҷрӯҳони ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба Масҷид-ул-Ақсо ба бемористонҳои шаҳри Қудс интиқол ёфтанд ва бештари онҳо аз ноҳияи чашм ва сурат осеб дидаанд. 

Ин дар ҳоле аст, ки нерӯҳои исроилӣ бомдоди имрӯз бо истифода аз гулӯлаи плостикӣ ва бомби савтӣ ба ҳавлии Масҷид-ул-Ақсо юриш бурда ва даҳҳо фаластиниро захмӣ карданд. 

Аз сӯи дигар, намозгузорони фаластинӣ ҳам бо низомиёни Исроил муқобила карда ва монеъ аз юриши онҳо ба Масҷид-ул-Ақсо шуданд. 

Шоҳидони айнӣ низ эълом карданд,ки чандин тан аз намозгузорони Фаластинӣ низ дар саҳни Масҷид-ул-Ақсо мавриди зарбу шатми низомиёни Исроил қарор гирифтаанд. 

Ҳазорон нафар аз мардуми фаластинӣ намози субҳи имрӯзро дар Масҷид-ул-Ақсо иқома карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular