Афзоиши таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 2,4 дарсадро ташкил дод. Афзоиши баландтарини таваррум дар моҳи март – 1,7% ба қайд гирифта шудааст. Дар моҳи январ ин рақам 0,5% ва дар моҳи феврал 0,2% будааст.
Аз моҳи март болоравии қобили мулоҳизаи қимати маводи ғизоӣ, ки ба кишвар ворид мешавад ва ҳам дар дохили кишвар тавлид мешавад, мушоҳида мешавад. Масалан, нархи орд, равгани офтобпараст, канд ва ғайра хеле баланд шуд.
Нархи молҳои ғайриозукаворӣ, монанди сузишворӣ, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра низ босуръат баланд мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки Осиёии Рушд коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2022 ва эҳёи соли 2023-ро пешбинӣ мекунад. Бонки Осиёии Рушд коҳиши рушдро ба таъсири манфии таназзули интизории иқтисоди Русия рабт медиҳад.
Тибқи гузориши имсолаи БОР, “Пешбари рушди Осиё — 2022” («Перспективы развития Азии (ADO) 2022»), пас аз рушди иқтисодӣ дар соли 2021, ки аз 4,5% дар соли 2020 то 9,2% дар соли 2021 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро нишон медод, имсол дар соли 2022 ин нишондиҳанда то 2% коҳиш хоҳад ёфт. .
Аммо, интизор меравад, ки афзоиши ММД дар соли 2023 то 3% бошад. Тибқи пешгӯии БОР ин афзоиш аз ҳисоби рушди саноат ва кӯмаки изтирории шарикони рушд барои дастгирии бозори истеъмолӣ ба миён меояд.
Таваррум, ки дар соли 2021 то 8 дарсад коҳиш ёфт, дар соли 2022 ба 15 дарсад мерасад, ки ин баёнгари болоравии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоии воридотӣ ва ҳамчунин фишор ба асъори миллии сомонӣ ба далели коҳиши шадиди қурби рубли русӣ аст.
Пешбинӣ мешавад, ки таваррум дар соли 2023 ба далели поин рафтани нархи ғизо ва сӯзишворӣ дар ҷаҳон то 10% коҳиш хоҳад ёфт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

