Saturday, November 15, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетЧин ба истифодаи “Роҳи нави абрешим” оғоз кард

Чин ба истифодаи “Роҳи нави абрешим” оғоз кард

Аввалин қатораи роҳи оҳан аз Чин бо ҳадафи Ландан ба роҳ афтод, ки пас аз 18 рӯз ба онҷо хоҳад расид.

Масофаи ин роҳ 12 ҳазор километр аст ва чиниҳо онро “роҳи нави абрешим” унвон кардаанд. Ин қатора аз 15 шаҳри Қазоқистон, Русия, Белорус, Лаҳистон, Олмон, Белжик ва Фаронса убур карда, ба Ландан хоҳад омад.  

Боркашонӣ тавассути роҳи оҳан ҳарчанд аз лиҳози нарх аз киштӣ гаронтар аст, аммо аз ҳавопаймо арзонтар тамом мешавад. Ҳамчунин аз лиҳози вақт ҳарчанд қатора бамаротиб аз ҳавопаймо дертар мерасад, аз киштӣ чанд баробар тезтар ҳаракат мекунад.

Ин қатора, ки қарор аст колои чиниро ба Бритониё ва дигар кишварҳои урупоӣ интиқол диҳад, дар бозгашт аз онҷо ба Чин гӯшт, шароб, чӯб ва атриёт хоҳад овард.

Мақомоти Чин роҳандозии қатори роҳи оҳанро марҳалаи нави ҳамкории Чину Аврупо унвон карда, итминон додаанд, ки “Роҳи нави абрешим” дар рушди ҳамкориҳо саҳми бузурге хоҳад гузошт.

Чин пас аз ИМА бузургтарин шарики тиҷоратии Аврупо қаламдод мешавад.   

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?