Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет16 намояндагии дипломатӣ ба кори худ дар Киев шурӯъ карданд

16 намояндагии дипломатӣ ба кори худ дар Киев шурӯъ карданд

Вазорати корҳои хориҷии Украина 16 намояндагии дипломатиро эълон кард, ки ба кори худ дар Киев шурӯъ карданд.

Хабаргузории бо истинод аз Вазорати умури хориҷии Украина хабар дод, ки аз рӯзи душанбеи 18 апрел 16 намояндагии дипломатии кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ба кори худ дар Киев шурӯъ карданд.

«Ҳар рӯз бештари намояндагиҳои дипломатии кишварҳои дигар ба кори худ дар Киев аз сар мегиранд»,- гуфта мешавад дар як паёми шабакаи иҷтимоӣ.

Вазорати корҳои хориҷии Украина таъкид кард, ки дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо, Фаронса, Италия, Латвия, Литва, Эстония, Лаҳистон, Туркия, Ҷумҳурии Чех, Словения, ҳамчунин Ватикан, Молдова, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар Киев дубора кор шурӯъ карданд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Давлат Назрӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина дар саҳифаи Фейсбуки сафорат навишта буд, ки «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад, ки аз 4 апрели соли 2022 сафорат ба таври муқаррарӣ кор мекунад. Шанбе ва якшанбе рӯзҳои истироҳат мебошанд”.

Сафир афзуда буд, ки “мо дар Киев ҳастем. Шаҳр нисбатан ором аст. Сафорат ба таври муқаррарӣ кор мекунад. Шаҳрвандони мо бо мо тамос мегиранд. Берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Харков ва дигар минтақаҳои хатарнок идома дорад”.

Гуфтанист, рӯзи 24 феврал Русия бо баҳонаи «демилитаризатсия» ва «денатсификация» ба хоки Укроин ҳуҷум кард. Аксари сафоратхонаҳо дар Киев баста шуданд. Баъзе аз кишварҳо сафорати худ дар Украинаро муваққатан ба минтақаҳои бехатар кучониданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular