Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШурӯъи амалиёти густурда аммо бидуни пешрафти Русия дар Донбасс

Шурӯъи амалиёти густурда аммо бидуни пешрафти Русия дар Донбасс

Асри рӯзи душанбе, 18 апрел ҳамлаи бузурги неруҳои Русия ба шарқи Укроин оғоз шуд ва Сергей Гайдай, фармондори укроинии минтақаи Луганск ончиро, ки пас аз оғози ин ҳамла бар минтақа мегузарад, як “ҷаҳаннам” тавсиф кард.Донбасс, шарқитарин минтиқаи Укроин ва ҳаммарзи Русия аст, ки ду вилояти Донетск ва Луганскро дар худ ҷой додааст. Бахшҳое аз ин минтақа аз соли 2014  дар контроли неруҳои ҷудоиталаби тарафдори Русия аст ва акнун Маскав дар талош аст, ки пас аз шикаст дар тасарруфи Киев, пойтахти Укроин, дастикам контроли комил бар ин минтақаро ба даст оварад. Як рӯз пеш аз ин Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ҳушдор дода буд, ки русҳо барои расидан ба ҳадафашон Донбассро ба маънои воқеии калима нобуд хоҳанд кард ва ҳамон фоҷиаеро дар Донетску Луганск рақам хоҳанд зад, ки пеш аз ин бар сари Мариупол овардаанд.

Охирин таҳаввулоти ҷанги Укроин дар рӯзи сешанбе, 19 апрелро дар ин сафҳа думбол кунед:

Ҳамалоти шадид аммо бидуни пешравии Русия дар Донбасс

Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки бо вуҷуди набарди сангин дар хатҳои пеши ҷабҳа дар Донбасс, Русия ҳанӯз ба пешрафте даст наёфтааст. Укроиниҳо дар муқобили неруҳои Русия башиддат муқовамат мекунанд. Онҳо ин ҳамлаи сангинро пешбинӣ мекарданд ва худро барои он омода карда буданд.

Гуфтугӯи Ҷо Байден бо ҳампаймонони Иёлоти муттаҳида бар сари ҷанги Укроин

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико қарор аст рӯз сешанбе дар ҷараёни як нишасти маҷозӣ бо ҳузури муттаҳидон ва шарикони стратегии Иёлоти муттаҳида ояндаи ҷанги Укроинро ба баҳс бигузорад. Кохи Сафед номҳои ширкаткунандагон дар ин нишастро эълом накардааст ва танҳо хотирнишон карда, ки “ҳимояти мустамар аз Украина ва талош барои посухгӯ кардани Русия” меҳвари ин баҳс хоҳад буд.

Бомбаборони марокизи низомии Укроин дар саросари кишвар

Артиши Русия муддаӣ аст, ки рӯз душанбе, дасти кам 16 маркази низомии Укроинро бо ҳамалоти сангини худ аз кор андохтааст, ба вежа марокизи тавлиди муҳиммоти “Тоска У” ва мушакҳои токтикӣ. Ин таслиҳот аҳамияти босазое ҳам барои Москва ва ҳам барои Киев дар ҷараёни ҷанги кунунӣ доранд.

Даргириҳои сангин дар Рубежний ва Попасна

Бино бар эъломи фармондори Укроин дар минтақаи Луганск, ҳамакнун даргириҳои сангине дар шаҳрҳои мухталифи минтақаи Донбасс, аз ҷумла дар Рубежний ва Попасна дар ҷараён аст. Аз сарнавишти шаҳри Кременной, ки ҳудуди 18 ҳазор нафар ҷамъият дорад низ хабаре дар даст нест. Ин шаҳр барои ҳафтаҳо ҳадафи бомбаборони русҳо буд ва дар ниҳоят рӯзи гузашта неруҳои Русия тавонистанд вориди он шаванд ва пас аз он “ҷанги хиёбонӣ” дар ин шаҳр оғоз шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular