Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚатъи фаъолият кардани соҳибкорон идома дорад

Қатъи фаъолият кардани соҳибкорон идома дорад

Беш аз 7 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қатъи фаъолият кардаанд, хабар медиҳад агенти оморӣ ҶТ.

Тибқи иттилоъи манбаъ, дар ин муддат беш аз 7,3 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла 319 шахси ҳуқуқӣ ва беш аз 7000 соҳибкорони инфиродӣ барҳам хӯрдаанд. 

Барои аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишвар 685,4 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 635 ҳазори онро соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд. 

Дар ҳамин ҳол, шумори субъектҳои хоҷагидории фаъолияткунанда 344,5 ҳазор гуфта мешавад. 

Қаблан нишондиҳандаи аз фаъолият мондани субъектҳои хоҷагидорӣ то 200 ҳазор дар сол ба қайд гирифта мешуд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular