Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДОИШ ба сӯйи Ӯзбекистон мушак партоб карда, ба ҳадаф нарасид

ДОИШ ба сӯйи Ӯзбекистон мушак партоб карда, ба ҳадаф нарасид

Хабаргузории Farhatnews  бар асоси  гуфтори  муовини сухангӯи Толибон  Иномулло Самангонӣ хабар додааст, ки ҷангҷӯёни бахши Хуросони ДИИШ талош карданд аз Афғонистон ба сӯи Узбакистон мушак партоб кунанд, аммо снарядҳо то ба марзи Узбакистон нарасиданд. 

Самангонӣ гуфт, ки макони мушак партобшуда  ба эътидол оварда шудааст

ва се гумонбар дар иртибот ба ҳодиса  бо як миқдор снаряд  дастгир карда шуданд.

Мушакҳои ДОИШ ба харобаҳое бархӯрдаанд, ки ба қаламрави Узбакистон тааллуқ надорад. 

Сухангӯи Толибон қотеъона гуфт: «Аморати исломии Афғонистон ба касе имкон намедиҳад, ки ба амнияти кишварҳои ҳамсоя аз қаламрави мо таҳдид кунад»

Дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекӣ хабарҳое ҳам паҳн шуданд, ки нигаронӣ ва пурсишҳои зиёди мардум ба вуҷуд омадааст. 

Барои таскини мардум ва роҷеъ ба ин ҳолат муовини раиси дастгоҳи раисиҷумҳури Узбакистон ва котиби матбуоти раисиҷумҳур дар  изҳороте гуфт:

«Баъзе шабакаҳои Телеграмм хабареро дар бораи бо мушакҳое аз тарафи Афғонистон тирборон шудани нерӯҳои Узбакистон дар наздикии шаҳри Тирмиз паҳн кардаанд, аммо ин ҳабар комилан воқеият надоранд». Ба гуфтаи вазорати дифоъ ва нерӯҳои марзбонии Узбакистон, дар марзи Узбакистону Афғонистон амалиёти низомӣ вуҷуд надорад. Сарҳади Узбакистону Афғонистон пурра таҳти назорати низомиёни Узбакистон қарор дорад ва вазъи муътадил таъмин аст. 

Абдулқаҳҳори Балхӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон низ дар Твиттераш навиштааст, ки  вазъият дар марзи Афғонистону Узбакистон муқаррарӣ аст ва ҳеҷ чизи нигаронкунандае нест”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular