Wednesday, October 22, 2025
ADS
HomeПаём нетДу хонанда дар Душанбе дар натиҷаи занозании байни мактабҳо кушта шудаанд

Ду хонанда дар Душанбе дар натиҷаи занозании байни мактабҳо кушта шудаанд

Дар натиҷаи занозанӣ байни се мактаби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки баъдан ба кордзанӣ кашидааст, ду хонандаи мактаб ҷони худро аз даст додаанд.

Тибқи иттилои як муаллими мактаб, яке аз ин хонандагон — Сомон Шарипов аллакай ба хок супорида шудааст.

Ин занозанӣ шаби 2-юм ба 3-бми январ дар яке аз интернет-кафеҳои маҳаллаи 103-уми пойтахт байни хонандагони мактабҳои 43, 54 ва 101 ноҳияи Сино ба вуқӯъ пайвастааст, ба марги ду нафари онҳо расондааст. ВКД чанд нафар аз ширкаткунандагони ин занозаниро боздошт ва бозпурсӣ кардааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, барангезандагони ин хархаша чанд нафаре будаанд, ки соли гузашта мактабҳои номбурдаро хатм кардаанд.

Бори аввал нест, ки чунин занозанӣ ва кордкашиҳо байни хонандагони мактаб ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳодисаи марги хонандагон низ авввалин набуда, ду сол қабл ҳам дар натиҷаи задухӯрди хонандагони ду мактаб як талабаи синфи 9 ҷон дода буд.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?