Saturday, January 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИдомаи фишор болои хонаводаи С. А. Нурӣ: набераашро «облава»карданд

Идомаи фишор болои хонаводаи С. А. Нурӣ: набераашро «облава»карданд

Мақомоти Тоҷикистон дар идомаи фишор болои хонаводаи поягузори сулҳи тоҷикон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тариқи “облава” дастгир карда ба артиш бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки ӯ донишҷӯ ва аз хидмат дар артиш озод буд.

Ҳабибулло Саидов, писари Нусратулло Саидов аст, ки қаблан аз тарафи мақомот бо иттиҳоми дарёфти маблағ аз хориҷ боздошт ва зиндон шуда буд. Ҳабибуллоҳ 21 сол дошта, донишҷӯи соли сеюми факултаи “Кимиё ва биология”-и Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар аст. 

Тибқи гуфтаи наздикони боздоштшуда, кормандони пулиси Вахш ӯро рӯзи 23-уми апрел боздошт карданд ва баъдан, бо иддаои ин ки ӯ аз донишгоҳ хориҷ шудааст, ба артиш фиристоданд. Аммо хонаводаи ҷавон мегӯянд, ӯ аз донишгоҳ ихроҷ нашуда буд ва дар дарсҳо ширкат мекард.

Ба гуфтаи Абубакри Нурӣ, амаки Ҳабибулло Саидов, рӯзи ҷумъа Ҳабибуллоро ба шӯъбаи умури дохилии ҷамоати “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш даъват карда буданд. Дертар ба наздиконаш хабар додаанд, ки ӯ ихтиёрӣ ба сарбозӣ рафт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular