Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶинояткорӣ дар Душанбе афзоиш ёфтааст

Ҷинояткорӣ дар Душанбе афзоиш ёфтааст

Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ шумораи ҷиноятҳои расман ба қайд гирифташуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6% зиёд шудааст.  Ин ҳам дар ҳолест, ки дар тамоми ҷумҳурӣ  нишондиҳандаи ҷинояткорӣ 9,1% кам шудааст. 

Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии омори кишвар хабар додааст.

Дар давраи зикршуда дар ҷумҳурӣ 6500 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта, 591 ҷиноят кам мебошад. Натиҷаи беҳтарини кам шудани ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон нишон дода шудааст. Дар Хатлон ҷинояткорӣ нисбат ба соли гузашта 17,6% кам шудааст.

Тибқи омори расмӣ, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ мизони ҷиноятҳои вазнин нисбат ба соли гузашта 2,2% коҳиш ёфтааст. Дар давраи ҳисоботӣ  65,7% парвандаҳо ошкор шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 5,3% кам аст.

Шумораи ҷиноятҳои вазнин дар ҷумҳурӣ беш аз 1,4 ҳазор парвандаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2021 2,2% кам аст.

Гуфтанист, шаҳрдори Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, писари раисҷумҳур, Рустами Эмомалӣ мебошад. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз Рустами Эмомалӣ ҳамчун меросбари мақоми падараш ёд мекунанд. Таблиғгарони режим Рустами Эмомалиро ҳамчун як кордону ҳамафаҳм дар расонаҳо тавсиф мекунанд. Аммо, аз рӯи омор дида мешавад, дар ҳоли рӯ ба коҳиш овардани ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, пойтахти кишвар руз то руз ба як макони авбошию ҷинояткорӣ мубаддал мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular