Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетУзбекистон тавассути Афғонистон ба Осиёи Ҷанубӣ роҳ кушод

Узбекистон тавассути Афғонистон ба Осиёи Ҷанубӣ роҳ кушод

Узбекистон тавонист тавассути Афғонистон долони автомобилӣ роҳандозӣ кунад. Дар ин бора, тибқи иттилоъи Podrobno.uz, дар намоишгоҳи “Иннопром” дар Тошканд муовини вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон Сардор Умурзоқов хабар дод

Ба гуфтаи ӯ кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия имконоти зиёде барои роҳ ёфтани якҷоя ба бозорҳои манотиқи дигар доранд, аз ҷумла ба бозорҳои бузурге чун Осиёи Ҷанубӣ.

“Ҳоло мо дар Узбекистон рӯи баромади мустақими физикӣ ба бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ фаъолона кор мекунем. Барои мисол, гардиши молии мо бо Покистон дар авохир ду баробар афзоиш ёфт. Молу маҳсулот бо роҳи заминӣ тавассути Афғонистон расонида мешаванд. Ҳоло бо нақлиёти автомобилӣ мо маҳсулотамонро то Покистон дар дувуним рӯз мерасонем, то бандари Қарочи дар чаҳор рӯз. Ин дастовардест, ки то ҳол ҳеҷ гоҳ надоштем” — таъкид кард ӯ.

Умурзоқов илова кард, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ потенсилаи бузурге барои рушди муносиботи тиҷорию иқтисодӣ доранд.

“Воқеъиятҳои имрӯза аз мо гомҳои мустаҳкаме барои шаклдиҳии модели нави муносиботи иқтисодӣ бо Осиёи Ҷанубиро талаб мекунанд. Ҳамкориҳои иқтисодии мо метавонанд бамаротиб фарогиртар бошанд” — таъкид кард ӯ. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular