Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Додгоҳи шариат” дар зиндонҳои Инглистон

“Додгоҳи шариат” дар зиндонҳои Инглистон

Ба иттилои рӯзномаи Daily Mail бо истинод ба вакили дифоъ  Ҷонатан Холл, афроде, ки дар маҳбасҳои Инглистон, аз ҷумла дар Белмарш ва Уайтмур бо ҷурми террорист зиндонӣ шудаанд, худро миёни маҳбусон амир эълон карда, онҳоеро, ки аз риояи қонунҳои исломӣ саркашӣ мекунанд, тибқи қавонини додгоҳи шариат ҷазо медодаанд. 

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, “амирон” маҳбусонро ба унвони муҷозот қамчинкорӣ ва маҷбур ба анҷоми “корҳои ифлос” — тоза кардани ҳуҷраҳои зиндон мекардаанд.

Ҷонатан Холл ҳамчунин гуфтааст, ки маъмурони мақомоти зиндон аз чунин рафтор  наметавонанд ҷилавгирӣ кунанд, зеро “Амирон” ва ҷонибдорони зиёдашон дар маҳбас  метавонанд онҳоро бо иттиҳомоти нажодпарастӣ ва исломситезӣ таҳдид кунанд. Рӯзномаи The Times бо истинод ба гузориши хадамоти мубориза бо терроризм, вазъияти ба ҳамин монандро нашр кардааст. Ба навиштаи ин нашрия, “ифротгароён” тавонистаанд, ки бо чунин усул дар зиндонҳо назорат барқарор кунанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки «амирон» саъй доштаанд ба дунболи контроли ҳамаи заминаҳои  зиндагии зиндониёни ғайримусулмон, аз ҷумла одоби ғизо ва шустушӯй бошанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular