Рӯзномаи New York Times бо такя ба манобеъи махфии ҳукумати ИМА навиштааст, ки Укроин бо кумаки хадамоти кашфи Амрико ба пойгоҳҳои фармондеҳии Русия ҳамла мекунад.
То ин дам ин қабил маълумоти истихборотӣ ба Укроин имкон дод, ки ба ҷандин қароргоҳи қумондонии артиши Русия зарба занад. Тибқи гузоришҳои таъйиднашуда, ҳамлаҳо боиси марги 12 нафар генерали рус шудааст.
Манобеъ мегӯянд, ки ҷониби Укроин маълумоти сервисҳои иттлоъотии ИМА ва хабарҳои пайдокардаи худро ташхис мекунанд, аз ҷумла мавҷҳои иртиботӣ, ки ҳузури афсарони баландрутбаро тасдиқ мекунад, пайдо мекунанд ва бар нуқтаҳои дақиқ зарба мезананд. Аммо ҳамла ба ситоди Изюм, ки раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов аз он дидан карда буд, бидуни кумаки хадамоти кашфи Амрико тарҳрезӣ шудааст.
Сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико ба рӯзномаи New York Times гуфтааст, ҳадаф аз иттилорасонии Амрико ба Укроин куштани генералҳои рус нест.
Қаблан Ҷеймс Ҳиппӣ, вазири нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё, ҳамлаи Укроин ба ҳадафҳо дар қаламрави Русияро «комилан қонунӣ» номид, то «занҷираи таъминот, ки мустақиман ба маргу хунрезӣ дар хоки Украина мусоидат мекунанд» бояд шикаста шавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

