Гоҳе сайёд ба сайд ва даранда ба қурбонӣ табдил мешавад. Гоҳе гов синаи шер медарад, меш даҳани гург ва мурғи хонагӣ минқори уқоб мешиканад. Гоҳе даҳ шағол аз ҳамла ба як оҳу бо сару даҳони шикаста фирор мекунанд.
Чунин нест, ки ин гову гӯсфанду оҳу аз осмон омада бошанд ё махсус тамрин дида, на. Инҳо модаранд, ки дарандагон ба бачааҳояшон ҳамла кардаанд. Ва ин модарон дар ҳимояи фарзанд аз қурбонӣ ба даранда, аз сайд ба сайёд табдил мешаванд.
Танҳо ҷонварон нестанд, ки чунин қаҳрамонӣ мекунанд. Инсонҳо ҳам чунин модарон доранд ва шояд бамаротиб аз ҷонварон. Танҳо фарқ ин аст, ки байни ҷонварон дарандаҳову қурбониҳо аз ҷинси мухталифанду дар ин инсонҳо аз як ҷинс. Фарқи дигар ин аст, ки агар дар муборизаи ҷонварон вазъ танҳо дар як майдон тағйир мекунаду як барра наҷот меёбад, қиёми як модари инсон метавонад вазъ дар як устон, кишвар ва ҳатто минтақаро тағйир диҳад, садҳо золимро ба хок нишонад ва ҳазорон мазлумро раҳо созад.
Қиёми як модар дар Бадахшон на танҳо зимомдори ин устонро осемасар карда, балки хоб аз чашмони золимину дастгоҳи истибдодиашон дар кулли кишваррабудааст. Наъраи ин модар вуҷуди золимин — аз як сарбози силоҳбадаст то баландтарин мақомро, ки дар қатли фарзанди ӯ камтарин рабте доранд, ба ларза овардааст. Дуъоҳояш, ки шурӯъ ба иҷобат шудан кардаву ба хонаҳои золимин мусибат паи мусибат меоранд, дар гӯши қотилони фарзандаш мисли наъраи фариштаи марг садо медиҳад.
Ин Модар Певестамоҳ Абдулмӯъминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков аст, ки ба танҳоӣ алайҳи зулму фарзандкушӣ бархостааст. Ин модаршери захмдида ва фарзандгумкарда ба танҳоӣ наъра мекашад ва наърааш раъша дар ҷони қотилон меандозаду нури умед дар дили ҳазорон модари фарзандгумкардаи дигар. Дур нест, ки модарони ҷигарсӯхтаи дигар, ки дар кишвар шуморашон ҳазорҳост ба наъраи Певистамоҳ ҳамроҳ шаванд ва садои наъраашон ҷаҳонро биларзонад.
Ӯ на парвои ҳукумату додситонӣ дораду на камтарин ҳаросе аз қотилони КДАМ-у ВКД. Таҳдиди ин ниҳодҳо бар модарони дигар, ки мегуфтанд қабл аз он ки шикоят намоӣ ё садое барорӣ фикри фарзандони дигаратро кун, ба Певистамоҳ асаре надоштааст. Ӯ аз онҳо хунбаҳо мехоҳад ва лаънаташон мекунад:
“Ҳукумати нави Бадахшон паси панҷараро пур карданд. Бо писари парчамбардорам, ки омода буд барои ҳимояи як порча хоки Тоҷикистон ба Ворух равад, чӣ карданд?
Оё дар рӯзи равшан дар байни мардум, кӯдакону занон гузаронидани амалиёти хунин аз рӯи қонун аст?
Оё дар Сарқонун ҳукми қатл ҷорист?
Бе ҳукми Суд шахсро ба ин дараҷа расонидан магар қонунӣ аст?
Бо як варзишгари бесилоҳ ҳуҷуми 200 силоҳбадаст магар аз рӯи қонун аст?
Боз Тоҷикистони мо дар арсаи ҷаҳонӣ макони сулҳу осоиштагӣ қарор дорад?
Оё шумо одамкушҳо барои силоҳ доштани фарзандам ягон далел доред, касеро ӯ кушта буд?
Чаро амният шиносҳо ва хешутабори хонадони моро ҳабс карда истодааст?
Пас чӣ хел ман тарафдори ин Ҳукумат бошам?
Фоҷеае, ки ҳукуматдорон бар сари ман оварданд, дигар дар ягон давлат ин хел нест!
Ин азиятҳоро на танҳо ман, балки чандин модарони Бадахшон мечашанд”.
***
“Сардори амнияти Роштқалъа ва ҷонишини сардори амнияти шаҳри Хоруғ писарамро на аз рӯи қонун, балки бо роҳи ҳилаву найранг ба дасти қотилону ҷаллодони хунхор супориданд. Магар ин ҳукумат аст?
Шахсе, ки бо роҳи фиреб касбашро ба роҳ монда, ҳаққи гирифтаи ӯ заҳри фарзандонаш шавад!”
***
“Саволи ман аз раиси вилоят, Мирзонаботов ва прокурори вилоят, Орифзода то ҳол беҷавоб аст ва он савол ин аст, ки: “Чаро ба писарам даъватнома ба таърихи 26 ноябр додед, аммо рӯзи 25 ноябр ӯро куштед?””
“Чаро Орифзода чунин мегуяд: “Мо ба Гулбиддин Зиёбеков 11 бор даъватнома фиристодем, ӯ ба пурсиш наомад”.
Ҷавоби ин 11 даъватномаро медиҳӣ!
Кӣ ин 11 даъватномаро ба писарам додааст, чаро боре ҳам ба хонаи ман наомадӣ?“
***
“Орифзода Парвиз, прокурори вилоят чунин гуфт: “Силоҳро ман аз кӯпрук гузашта, ёфтам”.
Пас чаро (дар парванда) тапончаро дар ду ҷой нишон доданд: як бор хонаи Ғуломшоев мондастанд ва бори дуввум нишон доданд, ки силоҳ дар ҷои сабзазор партофтагӣ. Охир дар Бадахшон, дар охири моҳи ноябр сабзазор куҷост? Ту тӯҳмат кардӣ Орифзода,ту дугапа ҳастӣ!“
***
“Дар дурӯғканали “Бадахшон”, 5 даъватнома гуфтанд, Ятимов дар маҷлиси коркунони маориф 3 даъватнома гуфт, Орифзода 11 даъватнома гуфт. Гапи кӣ рост аст?”
***
“Ҳодисаи дар ноҳияи Роштқалъа рухдода бо айби Маҳмадов Ҳабиб ва Абирзода буд, вале сад афсӯс номбурдаҳоро ягон кас аз органҳои ҳифзи ҳуқуқ напурсид. Дар наворе Маҳмадов Ҳабиб дар ҳаққи писарам тӯҳмат карда гуфт: “Зиёбеков Гулбиддин Абирзодаро ҳашт соат латукӯб кард, ҳашт соат гаравгон гирифт.” (Кошки он Абирзода мемурд!)
Магар ин тӯҳмати Маҳмадов далел дорад?”
***
“Баъзе тарафдорони ҷаллодону қотилон дурӯғҳои беасос паҳн карда истодаанд, ки гӯё ба ман Ҳукумат хона ва пули калон ваъда кардааст ва ман дигар дар бораи бегуноҳ кушта шудани писарам ҳарфе намегӯям. Наход модар, то ин дараҷа бераҳм бошад, то хуни бегуноҳ рехтаи писарашро ба пулу мол иваз кунад? Ин овозаҳо дурӯғанд.
Ман то қотилони писарамро ҷазо надиҳанд, ман ором нестам! Ман аз Ҳукумат талаби суд дорам! Чаро моҳи панҷум асту аммо то ҳол суд нест?
Баъд аз мисли Чингизи хунхор аз байн бурдани фарзанди ман, дигар зиндагӣ кардан намехоҳам.”
***
Ин модар дуъо мекунад ва лаънат мефиристад. Дуъову лаънҳое, ки на танҳо кулли кишвар ба он омин мегӯянд, балки мутмаъинанд ҳафт осмонро мешикофанд ва Арши аъло мерасанд:
“Баъд аз фоҷеаи 25 ноябр газетаи “СССР” баромад, 42 ҷумлаи ин газета дурӯғанд. Сайёфи Мизроб, нависандаи ин мақола, маводдро аз кӣ гирифтааст? Лаънат бар ин мақоланавис!
Чӣ тӯҳматҳо карданд (дар ин мақола)! (Ҳоло, иқтибос аз газетаи “СССР”) “Коркунони амният дар натиҷаи кофтуков ба хонаи истиқоматии Зиёбеков Гулбиддин медароянд ва ӯ таслим намешаваду тир мепаронанд ва дар натиҷа ду корманди амният сахт захмдор шуданд.” (Кошкӣ мемурданд!)
Охир (муаллифи мақола) шарм намекунад аз тӯҳмати худ? Кошки фарзанди ман силоҳ медошту ҳамаи тӯҳматгарону дурӯғгӯёнро мепаронд. Ҷои қатли писарам на дар хона, балки дар назди хона буд!”
***
“Дурӯғи дигар: “Раиси вилоятро дар митинг бо санг заданд ва ӯ бистарӣ буд”. Сайёфи Мизроб ту виҷдон дорӣ? Бо ин мақолаи дурӯғи худ пули ҳаром мегирӣ, ки насиби кафани ту ва фарзандонат шавад!”
***
“Дар наворе Маҳмадов Ҳабиб дар ҳаққи писарам тӯҳмат карда гуфт: “Зиёбеков Гулбиддин Абирзодаро ҳашт соат латукӯб кард, ҳашт соат гаравгон гирифт.” (Кошки он Абирзода мемурд!)”
***
“Шахсе, ки бо роҳи фиреб касбашро ба роҳ монда, ҳаққи гирифтаи ӯ заҳри фарзандонаш шавад!”
***
“Ҳар рӯз дуо мекунам, дар ин рӯзҳои шарифи иди Рамазон, касоне, ки дар қатли писарам даст доранд, ҳамаи он қотилон ба касалиҳои марговар гирифтор шуда, бо ҷигарбандони худ мурда раванд!
Ҳафт тири писарам ҷигари шумоёнро сӯрох кунад, ҷигарсӯхта шавед, кафани хунини се шаҳид насиби шумоён ва фарзандонатон шавад! Омин!”
***
Омин!
Шумо шак доред, ки ин дуъоҳои Модар Певистамоҳ аз гиребони золимин гирифт ва бунёди он бар хоҳад андохт?
Матни пурраи наъраи ин модари ҷигарсӯхтаро инҷо бихонед ва бубинед:
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

