Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетГузориши бештар аз кушта шудани қирғизҳо дар марзи Узбекистон

Гузориши бештар аз кушта шудани қирғизҳо дар марзи Узбекистон

Расонаҳои Қирғизистон бо такя ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар доданд, ки дар марзи Қирғизистону Узбекистон ҳодисаи истифодаи силоҳ рух додааст.

Тибқи иттилои пешакӣ, дар рустои Дейреси ноҳияи Аксӣ якчанд нафар аспсавори қирғиз талош кардаанд, ки ба Узбакистон молу коло ворид кунанд. Онҳоро марзбонони узбек дар масофаи 500 метр аз марзи давлатӣ муайян кардаанд.

Дар иттилои вазорати Ӯзбекистон гуфта мешавад, “Қочоқчиён бар талаби таваққуф аз ҷониби Ӯзбекистон сар нафароварданд. Ҳангоми дастгир кардани қочоқчиён задухӯрд сар зад. Марзбонони узбек аз силоҳ истифода карданд, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд. Вазорат мегӯяд, боқимондаи ҷинояткорон ба Қирғизистон фирор кардаанд.

Ба гуфтаи марзбонони узбек, қирғизҳо кӯшиш кардаанд, ки ба маблағи беш аз 20 000 доллар маводи қочоқиро интиқол диҳанд. Ҳалокшудагон О.Б.Т-и 38-сола  ва О.С.Т.-и 31-сола қаблан шаҳрванди Узбакистон буда, соли 2012 шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт кардаанд. Маълум шуд, ки шиносномаҳои давлати ҳамсоя, яъне пешина ҳуҷҷатҳояшонро ҳам ро низ нигоҳ доштаанд.

Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Қирғизистону Узбакистон мӯътадил аст. Шахсоне, ки ба қочоқ машғуланд, ҷустуҷӯ мешаванд. Бар асоси тавофуқномаи марзбонони Қирғизистону Узбакистон, “бор-200” тавассути гузаргоҳи “Маданият-автодорожний” ба ҷониби Қирғизистон интиқол ёфт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular