Рӯзномаи Sabah хабар дод, ки имрӯз, 6 май дар як корхонаи киштисозӣ дар ноҳияи Тузлаи Истамбул як киштӣ мунфаҷир шуд. Тибқи гузоришҳои муқаддамотӣ, панҷ нафар коргарон захмӣ шудаанд.
Мушаххас шудааст, ки таркиш эҳтимолан аз ихроҷи зиёди газ рух додааст.
***
Дар шабакаҳои иҷтимоии Ӯзбекистон хабаре паҳн шуд, ки гӯё тангаҳои тиллоӣ бо акси раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев баромадаанд. Дар ин маврид Бонки марказӣ дар вебсайти худ иттилои расмӣ дарҷ кард. Зимнан зикр шудааст, ки Бонки марказӣ то имрӯз тангаҳо ва пулҳои коғазии аз металлҳои қиматбаҳо сохташудаеро бо расми раисҷумҳури кишвар ба муомилот набаровардааст.
Сару садоҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда овозаи бардурӯғанд.
***
Таъсири COVID-19 ба майнаи инсон метавонад боиси 20-сол барвақттар ба пирӣ расидан гардад
Ин натиҷаҳои таҳқиқоти нав бо роҳбарии як гурӯҳи олимони Донишгоҳи Кембриҷ ва Коллеҷи Империалии Лондон мебошанд, ки гузориш доданд, ки нуқсони маърифатӣ, якбора 10 бал талаф ёфтани IQ, дар натиҷаи гирифтории шадид бар COVID-19 миёни онҳое, ки аз 50 то 70 солаанд.
Тадқиқоте, ки дар маҷаллаи eClinicalMedicine нашр шудааст, нишон медиҳад, ки таъсири он бар мағзи сар пас аз шаш моҳи бемории шадид пайдо мешавад.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, бори аввал аст, ки чунин арзёбӣ ва муқоисаи ҷиддӣ дар робита ба оқибатҳои минбаъдаи COVID-19 сурат мегирад.
***
Хадамоти миллии иктишофии Кореяи Ҷанубӣ ба Маркази ҳамкории НАТО оид ба амнияти киберӣ, ки дар Эстония воқест, аъзо шуд. Дар ин бора хабаргузории Yonhap бо такя ба хадамоти махсуси Корея хабар додааст.
Ҳамин тариқ, аввалин давлати Осиёи Шарқӣ ба сохтор пазируфта шуд.
«Мо ният дорем, ки тавассути афзоиши шумори кормандони ирсолшуда ба марказ ва тавсеаи доираи омӯзиши муштарак тавонмандиҳои киберҷинояткориамонро ба сатҳи ҷаҳонӣ бирасонем» гуфт як корманди хадамоти кашфи Кореяи Ҷанубӣ.
Дастаи миллии истихборотии кишвар аз нияти пайвастан ба ин созмон соли 2019 эълон карда буд ва аз соли 2020 дар тамринҳои амнияти киберӣ ширкат мекунад.
Қобили зикр аст, ки аз 32 кишвари узви ин паймон, ки аз соли 2008 инҷониб фаъолият доранд, 27-тоаш узви НАТО мебошанд.
***
Дар Олмон бар аҳолӣ муроҷиат карданд, то озуқаи даҳрӯзаашонро захира кунанд. Раҳбари Вазорати федеролии умури дохилии Олмон ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои изтирорӣ дар пайи муноқиша дар атрофи Украина захираи ғизо ҷамъоварӣ кунанд. Вай дар мусоҳиба бо як рӯзномаи маҳаллии Олмон, ин гуна захираҳоро «иқдоми эҳтиёткорона» номид ва таъкид кард, ки дар ин баста бояд на танҳо ғизо, балки лавозимоти тиббӣ низ мавҷуд бошад.
***
Ҷен Псакӣ аз мақоми сухангӯи Кохи Сафед истеъфо дод. Ҷойи ӯро дар таърихи ин мақом бори аввал зани афроамрикоӣ Карин Жан-Пьер гирифт, яъне котиби нави матбуоти Кохи Сафед таъин шуд. Дар ин бора Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ба дафтари матбуоти президент хабар дод.
Ҷен Псакӣ рӯзи 13 май Кохи Сафедро тарк мекунад, омадааст дар гузориш.
***
Аз Созмони ҳуқуқи башари Беларус Вясна ва хабаргузории Белта хабаре интишор шудааст, ки додгоҳи вилояти Гроднои Беларус шаҳрванди Русия София Сапегаро ба шаш соли зиндон маҳкум кардааст. София Сапега бар асоси ҳафт моддаи Кодекси ҷиноии Беларус муттаҳам дониста шуд, аммо ба гуфтаи додситонӣ, дар ниҳоят вайро ба барангехтани кинаю адовати иҷтимоӣ ва ҷамъоварии ғайриқонунии маълумоти шахсӣ гунаҳкор донистанд.
Мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.
***
Нашрияи The Times of Israel навиштааст, дар ҷараёни таҷлил аз рӯзи Истиқлолияти Исроил дар боғи шаҳри Элад ду нафари мусаллаҳ ба одамон ҳамла карданд.
Дар ин ҳамла се нафар кушта ва ҳафт нафар маҷрӯҳ шуданд. Рӯзномаҳои Jerusalem Post ва Haaretz дар бораи чаҳор қурбонӣ навиштаанд, ки ду нафари онҳо ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
Шоҳидон мегӯянд, ки яке аз ҳамлагарон бо туфангча ва дигаре бо табар ё корди калон мусаллаҳ будааст. Онҳо дар қисматҳои гуногуни боғ амалиёт анҷом дода, пас аз ҳамла фирор карданд.
Ба навиштаи The Times of Israel, гурӯҳи фаластинии Ҳамос ин ҳамларо «амалиёти қаҳрамонона» номид. Қайд карда мешавад, ки ин вокуниш ба сафари яҳудиён ба кӯҳи Маъбад, макони муқаддаси мусалмонон ва яҳудиён ташкил шудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

