Friday, November 14, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетПутин Укроинро бо Ғалаба табрик гуфт

Путин Укроинро бо Ғалаба табрик гуфт

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин украиниҳоро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба онҳо “ояндаи осоишта ва боадолат” таманно кардааст. Табрикномае, ки ба шаҳрвандони Украина, аз ҷумла собиқадорони ҷанг фиристода шудааст, дар вебсайти Кремл нашр шудааст.

Дар хабари Кремл омадааст: «Имрӯз раҳбари Русия таъкид кард, ки онҳо мисли  низомиёни гузаштаи худ паҳлӯ ба паҳлӯ истода, барои озод кардани Ватан аз фашистон меҷанганд ва изҳори итминон кард, ки пирӯзӣ мисли соли 1945 азони мо хоҳад буд.

Ба собиқадорони украинии Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз самими қалб сабри маънавӣ, саломатии бардавом ва умри дароз ва барои тамоми мардуми Украина ояндаи осоишта ва боадолатро таманно дорам»

Хотиррасон мекунем, ки Владимир Путин рӯзи 24 феврал аз тасмими худ дар бораи гузаронидани «амалиёти махсуси низомӣ» дар қаламрави Украина ба манзури «демилитаризатсия» ва «денасификация»-и ин кишвар хабар дода буд. Аз он замон то кунун дар давоми ҷанге, ки  дувуним моҳ боз идома дорад,  дар Украина даҳҳо ҳазор ғайринизомӣ кушта ва миллионҳо нафар маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?