Monday, October 20, 2025
ADS
HomeПаём нетШаҳодати узви ҲНИТ Ташрипов Нозимҷон дар зиндони режими Раҳмон

Шаҳодати узви ҲНИТ Ташрипов Нозимҷон дар зиндони режими Раҳмон

Ин хабар ба мо 1-уми август расид. Маълумоте, ки дастрас шуда буд, танҳо ҳамин буд, ки як узви боздоштшудаи ҲНИТ дар ноҳияи Ваҳдат дар натиҷаи шиканҷаи зиёд ба шаҳодат расидааст.

Ҷузъ ҳамин як маълумоти кӯтоҳ ҳеҷ шарҳе дар хабар набуд. Аввал мо фикр кардем шаҳид аз ноҳияи Ваҳдат аст ва маълумотро дар онҷо ҷустуҷӯ кардем. Билохира маълум шуд ҳодисаи кушташавӣ дар зиндони “Кирпичний”-и ноҳияи Ваҳдат рух додааст ва пас аз ҷустуҷӯ маълумоти аниқ ҳам пайдо шуд. Баъди хабари шаҳодати Қурбон Маннонов ному насаб ва маълумоти дигар нисбати ин шаҳид ҳам ба мо расид.

Ин шаҳид Ташрипов Нозимҷон, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Тавилдара, соҳиби 7 фарзанд будааст. Ӯ рӯзи 15-уми октябри соли 2015 дар ноҳияи Тавилдара аз хонааш боздошт ва ба Душанбе интиқол дода шуда буд. То мурофиаи додгоҳӣ ҳам бо шиканҷаву таҳдиди зиёд ба ӯ иттиҳоми зиёдеро бастанд ва бо вуҷуди собит нашудани ҳеҷ гуноҳе дар мурофиа ба 10 сол зиндон маҳкум гашт. Баъди ҳукм ӯро ба зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат интиқол дода буданд аммо  шиканҷа дар зиндон ҳам қатъ нашуд, ки билохира Нозимҷон ба беморхона афтод ва дар ҳамонҷо 1 август даргузашт. Рӯзи 2-юми август ӯро ба ноҳияи Бохтар, ба манзили волидайнаш интиқол доданд ва ҳамонҷо ба хок супорида шуд. Шоҳидоне, ки дар ҷаноза ҳузур доштаанд, мегӯянд, ки гардан ва манаҳи шаҳид шикаста буд, ва доғҳои сиёҳ дар қафаси синааш дида мешуданд.

Шаби гузашта Қурбон Маннонови 75 сола, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Норак ҳам дар зиндони ин шаҳр ҷоми шаҳодат нӯшид.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?