Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоТобеъони Шамсуллоҳ Соҳибов шаҳрванди Қирғизистонро асир гирифта ба 23000$ фурӯхтаанд

Тобеъони Шамсуллоҳ Соҳибов шаҳрванди Қирғизистонро асир гирифта ба 23000$ фурӯхтаанд

Набиҷон Набиев, ҳуқуқшиноси ширкати «Тоҷирон» ва собиқ корманди Прокуратураи генералии Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро асир гирифта сахт латукӯб кардааст. Сипас он шаҳрвандро ба наздиконаш ба 23000$ фурӯхтааст.

Тибқи номаи ин шаҳрванд, ки онро ҳамроҳ бо аксҳояш дар фейсбук Шарофиддин Гадоев нашр кардааст, Набиҷон Набиев, ҳуқуқшиноси ширкати «Тоҷирон» шаҳрванди Қирғизистон Акжол Калбаевро ба Тоҷикистон ба «меҳмонӣ» даъват карда, ӯро асир мегирад. Онҳо қаблан дар Ширкати «Голд Тур Транс», ки ба марҳум Умаралӣ Қувватов, тааллуқ дошт, дар шаҳри Оши Кирғизистон, якҷо кор мекарданд.

Набиҷон Набиев Акжол Калбаевро аз Хуҷанд бо роҳи зӯрӣ ба Душанбе меорад ва дар таҳхонае нигоҳдорӣ карда, шадидан латӯкуб мекунанд. Чуноне, ки дар ҳамон нома омадааст, дар натиҷаи латукӯби Акжол аз тарафи Набиев ва писараш сар ва зонуҳои ӯ мешикананд, гурдаву ҷигараш шадидан маъюб мешаванд. Ҳадаф аз латукӯб ва истинтоқи ин шаҳрванди Қирғизистон маълум кардани ҷои Кувватов Анвар — бародари Умаралӣ Қувватов будааст. Аммо чун маълумоте аз ӯ дарёфт намекунанд, баъди латукӯб кардани Акжол Калбаев, ӯро аксбардорӣ карда, ба бародараш мефиристанд ва таҳдид мекунанд, ки дар сурати наовардани 23 000 доллари амрикоӣ (гӯё Акжол Калбаев аз Н. Набиев қарздор будааст) ҷасадашро хоҳанд гирифт. 

 

Бародари Акжол Калбаев аз хешу табораш 23 000 долларро чамъ карда, бародарашро мехарад ва аз Тоҷикистон ба Кирғизистон мебарад. аммо қабл аз додани пул бо сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон дар тамос мешавад ва сафорат қазияро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мерасонад. Дар нома, ки аксаш дар зер нашр шудааст, омадааст, ки аз тарафи КДАМ оиди ин қазия нисбати Набиҷон Набиев ва писараш парванда боз шуда, онҳо боздошт шудаанд.

Ҳамчунин тибқи иттилои дигар, дар Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳам нисбати ин қазия парванда боз шуда, тарафи Қирғизистон аллакай ба Тоҷикистон “нота”-и эътирозӣ фиристодааст.   

Нависандаи ин нома дар охир суол гузоштааст, дар ҳоле, ки Набиев корманди Шамсуллоҳ Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон аст ва аз тарафи ӯ пуштибонӣ мешавад, оё парвандааш ба суд хоҳад рафт, ё бо дахолати Соҳибов қатъ хоҳад шуд?  

Ҳамчунин ӯ навиштааст, ки Анвар Қувватов дар як гуфтугӯи телефонӣ кормандони Шамсулло будани Набиев ва ҳамроҳонашро тасдиқ кардааст ва ба зудӣ мусоҳиба бо ӯ нашр хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир Акжол Калбаев, дар яке аз беморхонаҳои Қирғизитон бистарӣ буда, табобат мегирад.

         

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика