Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетХабарнигори «Алҷазира»аз тири сарбози исроилӣ ба шаҳодат расид

Хабарнигори «Алҷазира»аз тири сарбози исроилӣ ба шаҳодат расид

Вазорат беҳдошти Фаластин эълом кард, ки Ширин Абуъоқила, хабарнигори зани шабакаи “Алҷазира” ҳини пӯшиши хабари юриши сарбозони исроилӣ ба урдугоҳи Ҷнин дар Каронаи бохтарии ишғолӣ ба зарби тири ҷангӣ кушта шуд. 

Тибқи эъломи ин ниҳод Алӣ Ал-Самудӣ хабарнигори фаластинӣ ҳам дар ин юриш аз ноҳияӣ пуштӣ худ маҷрӯҳ шудааст. 

Бар асоси тасовири мунташиршуда дар фазои маҷозӣ Оқила, ки пас аз исобати тир ва хунрезӣ, ӯро савори як худрав мекунанд, ҷалиқаи зидди тир бар тан доштааст.

Хабарнигори ”Алҷазира” Ширин Абуоқила 51 сол дошта ва гуфта мешавад аз тарафи сарбозони исроилӣ ба шаҳодат расид. Тир ба сари хабарнигор зада шудааст. 

Шабакаи Алҷазира эълон кард, ки Ширин Абуоқила ҳангоми ифои вазифаи хабарнигорияш бо либоси «Пресса» ва логои Алҷазира, ки қарор дошт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular