Тасодуф, ё махсус?
Дар сомонаи Lenta.ru-и Русия, ногаҳон, ғайричашмдошт хабару гузоришҳое пайдо шуданд, ки шӯриши Русия алайҳи Укроинро маҳкум мекунанд. Ду нафар аз кормандони сомона масъулияти ин “эътироз”-и хосро тан гирифтанд.
Lenta.ru хабаргузориест, ки маъмулан аз дидгоҳи Кремлин мунҳариф намешуд, аммо ғайричашмдошт дар он даҳ хабар бо танқиди Путин ва ҷанги ӯ алайҳи Укроин пай дар пай расонаӣ шуданд.
Аз ҷумла: «Путин яке аз хунинтарин ҷангҳои асри XXI-ро оғоз кард»
«Зеленский аз Путин беҳтар баромад»
«Нухбагони Русия ночиз ва заъиф будаанд»
«Владимир Путин табдил ба як диктатори фақир ва параноид шудааст»
«Русия таҳдидгари нобудии тамоми ҷаҳон мебошад» сарлавҳаи хабарҳои нашркардаи расонаи мазкур буданд.
Ҳайъати таҳририяи расона ҳарчанд, ки ин хабарҳоро зуд ҳазф карданд, аммо хелеҳоро муяссар шудааст, ки саҳифаи аввали хабарҳои навинро скриншот кунанд.
Дар шарҳи ҳодиса аввал гузоришҳо дар бораи ҳамлаи хакерӣ шудан ба сомона ва хутури ин қабил хабарҳо аз ҷониби ғайр расонаӣ шуданд. Аммо баъдтар чанде аз нашрияҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки ин хабарҳо аз ҷониби худи кормандони сайт гузошта шудаанд. Тазаккур шудааст, ки аввал хабарҳои дигар дар сойт буданд, баъд ҷояшон бо ҳабарҳои ихтилофӣ иваз карда шуд.
Егор Поляков, раиси шӯъбаи иқтисодии сайт ва Александра Мирошинкова, муҳаррири ин сайт масъулияти ҷавобгарии ин “иқдом”-ро бар ӯҳда гирифтанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисаи дар Lenta.ru рухдодаро ба исёни Марина Овсянникова, ки дар пахши мустақими телевизиони «Время»-и Русия парчами зиддиҷангиро бардошта буд, ташбеҳ додаанд.
Дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти Егор Поляков оиди ин воқеа пайдо шуд, ки дар он гуфта мешавад:”“Ин ҳамлаи ҳакерӣ нест, он чизест, ки мо медонем. Мо кайҳо боз мехостем, ки ин амалро анҷом диҳем, аммо бо баъзе сабабҳо наметавонистем. Сабаби асосии чунин иқдом амри виҷдон аст”
Поляков даъват кард, ки нафарони мухолифи ҷанг бояд муттаҳид шаванд. Ӯ гуфт: “Сафи мо баринҳо хеле бисёранд ва ману Саша қарор кардем, ки бояд чунин хабарҳо нашр карда шаванд. Доири кори кардаамон аз ман баёнот гирифтанд ва айнан ҳамин гуфтаҳоямро иқрор шудам. Шояд дигар мо дар расонаи Lenta.ru кор накунем.”
Lenta.ru яке аз маъруфтарин сайтҳои хабаррасонии фаврӣ дар Русия аст. Соли 2014 ҳайати таҳририяи расона комилан тағйир ёфт. Замоне, ки Русия Қримро ишғол кард, гурӯҳи рӯзноманигороне таҳти сарварии Галина Тимченко редаксияро тарк карда буданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

