Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетТуркияву Қазоқистон равобиташонро ба сатҳи “шарикии стратегии пешрафта” бардоштанианд

Туркияву Қазоқистон равобиташонро ба сатҳи “шарикии стратегии пешрафта” бардоштанианд

Дар баёнияи муштараки тақвияти ҳамкории стратегӣ байни Туркия ва Қазоқистон, ки пас аз дидори Раҷаб Таййиб Урдуғон ва Қосим Жомарт Токаев раисҷумҳурони ду кишвар дар қасри риёсатҷумҳурӣ дар Анқара мунташир шуд, таъкид шуда, ки равобити ду кишвар бояд ба сатҳи шарикии стратегии пешрафта боло бардошта шавад. 

Дар ин баёния ишора шуд, ки сафари Токаев ба тақвияти бештари шарикии стратегӣ кумаки шоёне карда аст. Ҳамчунин бар тақвӣяти ҳамкориҳои байни ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, низомӣ, дифоъӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, санъатӣ, маъданӣ, гардишгарӣ, энерҷӣ, муҳити зист, ҳамлу нақл, ҳавонаврадӣ, хадамоти хонаводагӣ ва иҷтимоӣ таъкид шуд. 

Тибқи иттилоъи хабаргузории туркии “Анадолу”, дар ин дидор вазъияти кунунии равобити Туркия ва Қазоқистон ва имкони васеъ ва амиқтар кардани равобит дар ҳама заминаҳо ба тафсил мавриди арзёби қарор гирифт ва дар мавриди масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар шуд. 

Дар идомаи баёния бо таъкид бар аҳамияти анҷоми иқдомоти лозим барои афзоиши пайвастаи ҳаҷми мубодилоти тиҷории дуҷониба ба 10 миллиард доллар дар солҳои оянда, муқаррар шуд иқдомоти лозим барои ташвиқи тиҷорати дуҷониба ва ҳимоят аз сармоягузориҳои мустақими мутақобил анҷом шавад. 

Ҳамчунин бо таъкид бар аҳамияти тақвияти бештари заминаҳои қарордодӣ барои амиқтар кардани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва васеъ кардан самтҳои тиҷорат, бар аҳамияти иртиботот дар бахши хусусӣ таъкид шуд. 

Ҳамчунин дар мавриди амиқсозии ҳамбстагӣ ва ҳамкорӣ аз тариқи механизмҳои гуфтугӯ дар заминаҳои дифоъӣ ва амниятӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Туркия солҳои охир сатҳи ҳамкориҳояш бо кишварҳои туркзабонро бо суръат боло мебарад. Қаблан ин кишвар бо Озарбойҷон, Узбекистон ва Қирғизистон низ шартномаҳои ҳамкориҳо, аз ҷумла низомиву амниятии амиқтар имзо карда буд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular