Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетБритониё ваъда дод дар сурати ҳамла ба Суид аз он кишвар дифоъ...

Бритониё ваъда дод дар сурати ҳамла ба Суид аз он кишвар дифоъ кунад

Бритониё ва Суид (Шветсия) рӯзи чаҳоршанбе 11 май як қарордоди ҳамкории амниятӣ имзо карданд, ки бар асоси он Лондон мутааҳҳид шуд, ки дар сурати ҳамлаи низомӣ ба Шветсия, аз ин кишвар дифоъ кунад. 

Ин қарордоди ҳамкории амниятӣ ба имзои Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё ва Магдана Андерсон, нахуствазири Суид расидааст. 

Борис Ҷонсон, ки барои имзои қарордоди ҳамкории амниятии миёни ду кишвар ба Суид  сафар кардааст, гуфт, ки Бритониё дар сурати ҳамлаи низомӣ ба Суид, аз ин кишвар дифоъ хоҳад кард. 

Суид ва Финляндия пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Укроин, баҳс дар мавриди пайвастан ба Созмони паймони Атлантики шимолӣ, НАТО-ро оғоз кардаанд. Русия борҳо мухолифати худро бо пайвастани Суид ва Финляндия ба НАТО эълом ва таҳдид кардааст, ки ин иқдом, авоқиби нохушояанди сиёсӣ ва низомӣ хоҳад дошт. 

Ҷонсон дар баёнияе ҳадаф аз имзои ин қарордодҳои амниятиро тақвияти амнияти Аврупо барои наслҳои оянда унвон кард. 

Ӯ ҳамчунин аз қарордоди ҳамкории амниятӣ миёни Бритониё ва Суид ба унвони як “тааҳҳуди баландмуддат барои суботи байналмилалӣ” ном бурд, ки аҳдофи кӯтоҳмуддат надоранд. Ҷонсон дар идома гуфт, ки Суид чӣ дархости узвият дар НАТО бидиҳад ва чӣ надиҳад, аз ҳимояти Бритониё бархурдор хоҳад буд. 

Нахуствазири Бритониё ҳамчунин дар пайи имзои ин қарордоди амниятӣ, пешниҳоди афзоиши истиқрори нерӯҳо ва таҷҳизоти низомии кишварашро дар кишварҳои Балтика матраҳ кард. 

Нерӯҳои низомии Бритониё дар ҳоли ҳозир дар раъси “воҳидҳои пешқаровули муштарак” , ки аз кишварҳои Бритониё, Суид, Финляндия, Дания, Эстония, Исландия, Латвия, Литва, Нидерланд ва Норвегия ташкил шудааст, дар Аврупои шимолӣ мустақар ҳастанд. 

Суид ва Финляндия ҳамчунин дар соли 2017 ба нерӯҳои вокуниши сареъ ба фармондеҳии Бритониё пайвастанд, нерӯе, ки аз стандартҳо ва равишҳои амалиётии НАТО истифода мекунад. 

Пешбинӣ мешавад, ки Борис Ҷонсон қарордоди амниятии мушобеҳеро бо Финляндия дар ҷараёни дидор бо раисҷумҳури ин кишвар ба имзо кунад. Ў қарор аст аз Суид ба Финляндия сафар кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular