Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия бахше аз “Газпром Олмон”-ро таҳрим кард

Русия бахше аз “Газпром Олмон”-ро таҳрим кард

“Газпром Олмон», ки зери маҷмуъаи консерни энерҷии Газпроми Русия буд ва Олмон онро забт карда, мавриди таҳрими Русия қарор гирифт. Вебсайти давлати Русия листи 31 ширкати зери маҷмуъаи Газпром дар ғарбро мунташир карда, ки мавриди таҳрими Кремл қарор гирифтаанд. 

Давлати Русия бахшҳое аз консерни “Газпром Олмон” дар Олмонро таҳрим кард. Ин консерн, ки зери маҷмуъаи консерни азими энергии “Газпром”-и Русия аст, чанд ҳафта пас аз таҳоҷуми Русия ба Укроин тавассути давлати Олмон забт шуд. Иллати забти ширкат тавассути давлати Олмон, адами ирсоли газ ба муддати як моҳ тавассути Газпроми Русия буд. Идоракунандаи кунунии “Газпром Олмон” то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ, вазорати иқтисоди Олмон аст. Дар пайи он Газпроми Русия эълом кард, ки аз ин ширкат хориҷ мешавад. 

Вебсайти иттилоърасонии давлати Русия рӯзи чаҳоршанбе 11 май хабари ин таҳримро эълом кард аммо ҷузъиёти ин иқдоми худро шарҳ надод. Дар ин вебсайт феҳристи 31 ширкати энергии зермаҷмуъаи Газпром дар Ғарб интишор ёфта, ки таҳти таҳрим қарор гирифтаанд. 

Дар миёни ширкатҳои таҳримшуда номи Europol gaz (ЕвРоПол) ба чашм мехӯрд, ки соҳиби қитъаи лаҳистонии хати лӯлаи газии “Ямал- Аврупо” аст. Хати лӯлаи газии Ямал ба тӯли 4196 километр гази Русияро аз мабдаи шибҳиҷазираи Ямал дар Сибир ва аз тариқи Беларус ва Лаҳистон ба Олмон мунтақил мекунад. 

Таҳримҳои эъломшудаи Кремл дарбаргирандаи ширкатҳои зермаҷмуъаи Газпром аст, ки як севуми гази Аврупоро таъмин мекунанд. Бахши бузурге аз ин ҳаҷм аз тариқи хати лӯлаи газии “Ямал- Аврупо” ба Аврупо интиқол меёбад. 

Дороиҳо ва ширкатҳои зермаҷмуъаи Газпром дар кишварҳои Олмон, Бритониё, Швейтсария, Белгия, Чехия ва хориҷи Аврупо қарор доранд, ки фаъолиятҳои онҳо дар таъмини гази бозори Аврупо ва газрасонӣ ба саноеъ ва масрафкунандагони хонагӣ аз аҳамияти болоӣ бархурдор аст. 

“Газпроми Олмон”, ки фаъолияти он бар асоси гази Русия танзим шудааст, занҷира ва шабакаи газрасонӣ ба харидорон ва пур карданизахирагоҳҳои газиро таъмин мекунад. 

Бар асоси як фармони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки дар севуми моҳи май содир шуд, ҳеҷ ширкати русӣ иҷозаи муомила ва бастани қарордод ва ё идомаи қарордоҳои то кунуни тиҷорӣ бо ширкатҳои таҳти таҳримро нахоҳад дошт. 

Мақомоти Русия пеш аз ин гуфта буданд, ки ба зудӣ иқдомоти талофиҷуёнаи худ дар вокуниш ба таҳримҳои Ғарбро эълом хоҳанд кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular