Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетУкроин ва Молдова номзад ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупо шуданд

Укроин ва Молдова номзад ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупо шуданд

Укроин ва Молдова аз шомгоҳи панҷашнбе 23 июн ва бо раъйи мувофиқи сарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, расман номзади узвият дар ин иттиҳодия шуданд. 

Ин раъйгирӣ дар ҷараёнӣ нишасте дар Боюссел анҷом шуд. Дар ин нишаст ҳамчунин ояндаи аврупоии Гурҷистон низ таъйид шуд ва ин умедворӣ ба вуҷуд омад, ки Гурҷистон низ дар оянда ва пас аз иҷрои тааҳҳудоти мавриди назари Иттиҳодияи Аврупо, аз ба номзадӣ қабуд шавад. 

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо тасмими гирифташуда дар ин рӯзро “таърихӣ” ва як “пирӯзии бузург” барои Украина ва “як рӯзи хуб барои Аврупо” тавсиф карданд. 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина низ ба сурати маҷозӣ дар ин нишаст ҳузур дошт ва бо сарони иттиҳодия ва раҳбарони кишварҳо гуфтугӯ кард. 

Агарчи ба расмият шинохтани номзадӣ барои узвият, роҳро барои узвият ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо ҳамвор мекунад аммо ба маънои узвияти сареъ ва дар замони кӯтоҳ нест. Акнун Украина бояд маҷмӯъае аз ислоҳотро мутобиқ стандартҳои ин иттиҳодия ба вижа дар системаи додгоҳӣ ва молии худ ҷорӣ кунад то шароити лозим барои узвият дар онро ба даст оварад. 

Додани озодӣ ба расонаҳо, тақвияти ҳуқуқи ақаллиятҳо ва мубориза бо фасоди идорӣ ва пулшуӣ, ҳамчунин маҳдуд кардан нуфузи олигархҳо дар фаъолиятҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ аз дигар ислоҳоте аст, ки Украина бояд барои узвият дар ин иттиҳодия анҷом диҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular