Friday, November 14, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетПарлумони Русия шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа бо Тоҷикистонро тасвиб кард

Парлумони Русия шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа бо Тоҷикистонро тасвиб кард

Думаи давлатии Русия дирӯз, 28 июн Шартнома бо Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ лар соҳаи таъминот бо нафақа .

Шартнома 15 сентябри соли 2021 ба имзо расида, масъулияти молиявии ҷонибҳоро дар таъминоти суғуртавӣ ба ҳуқуқи нафақа, ки дар қаламрави онҳо гирифта шудааст, ба усули баробарӣ пешбинӣ мекунад.

Шартнома нисбати шахсоне, ки шаҳрванди Русия ва Тоҷикистон мебошанд, инчунин аъзои оилаи онҳо мавриди амал қарор мегирад. Ба он ҳама навъҳои нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаи андӯхта ва дигар пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои андӯхтаи нафақа, нафақаҳои иҷтимоӣ (бо шарти дар қаламрави Русия зиндагӣ кардани шаҳрвандон таъин ва пардохт мешаванд), кумакпулии иҷтимоӣ барои дафн (тарафе пардохт мекунад, ки шаҳрванд дар он ҷо дафн мешавад) дохил мешаванд.

Дар ҳолати ба макони зисти доимӣ рафтани шахси суғурташуда ба давлати сеюм, пардохти нафақаи таъиншуда мувофиқи интихоби ӯ аз ҷониби тарафи таъинкарда сурат мегирад ё ба қаламрави тарафи дигар гузаронида мешавад.

Дар навиштаи шарҳ ишора мешавад, ки дар Русия зимни муайян кардани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи пиронсолӣ нишондиҳандаи коэффисиенти инфиродии нафақа барои давраҳои собиқаи корӣ дар Русия, инчунин дар қаламрави собиқ РСФСР ба инобат гирифта мешавад.

Агар ҳуқуқ ба нафақа аз рӯи пиронсолӣ бар асари мавҷуд набудани нишондиҳандаи талабшуда ба вуҷуд наояд, пас тибқи шартнома нишондиҳандаи коэффисиенти инфиродии нафақаи баробар ба як соли собиқаи корӣ дар қаламрави Тоҷикистон (аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон), инчунин дар қаламрави кишварҳои сеюм, ки Русия бо онҳо дар бораи суғуртаи нафақа шартнома дорад, истифода мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?