Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетХиваи Узбекистон «пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом»эълом шуд

Хиваи Узбекистон «пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом»эълом шуд

Ҷаласаи XI Созмони ҳамкориҳои исломӣ шаҳри Хиваи Узбекистонро «Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом» эълом кард. Дар ин бора вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Узбекистон хабар дод.

Дар ин ҷаласа барои барқарории симои таърихии Хива, сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор ва дигар меҳмонхонаву навгониҳо тасмим гирифта шудааст.

Дар доираи пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълом шудан дар Хива ҷаласаи вазирони сайёҳӣ ва роҳбарони муассисаҳои сайёҳии 57 кишвари узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, конфронсҳои илмӣ, намоиши аксҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор хоҳад шуд.

Барои соҳиби унвони «Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом» шудан панҷ шаҳр: Абу-Дабӣ, Шанлиурфа (Туркия), Лагос (Нигерия), Душанбе (Тоҷикистон) ва Хива (Узбекистон) талош мекарданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular