Бо вуҷуди гузаштани мӯҳлати ҳабси пешакӣ, рӯзноманигор ва сарҳанги собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) дар боздоштгоҳ боқӣ мемонад. Пайвандони ӯ гуфтаанд «10 рӯз ҳабси маъмурии ӯ ба поён расид», аммо мақомот натанҳо раҳо накарданд, балки намегӯянд, дар чӣ вазъ аст.
Мавлоназаров, ки солҳои охир амалкарди мақомоти қудратиро танқид мекард, рӯзи 16-уми июни имсол дар хонааш дар Душанбе дастгир шуд. Мақомот аз он замон то ҳоло сабаби боздошт ва иттиҳоми зидди ӯро нагуфтаанд.
Радиои Озодӣ бо истинод ба яке аз хешовандони Мамадсултон Мавлоназаров хабар медиҳад, «азбаски вакили мудофеъ надорад, намедонем, бо ӯ чӣ мегузарад. Мақомот ба вохӯрии наздикон ва бахусус ҳамсараш иҷоза намедиҳанд.»
Ба қавли ин хешованди сарҳанги мустаъфӣ, ки ба далели амниятӣ нахостааст, номаш фош шавад, онҳо «ба боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилӣ либосу хӯрок мебаранд».
Мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонии пойтахт дар робита ба қазияи Мамадсултон Мавлоназаров изҳори назар намекунанд.
Муҳаммади Султон 25 сол дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз он пеш, дар солҳои 70-ум, дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият дошт.
Солҳои охир дар саҳифааш дар Фейсбук назари худро дар пайванд ба кори мақомот, аз ҷумла ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон менавишт ва раҳбарони онҳоро сахт танқид мекард. Зидди амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Бадахшон буд, ки ба иттилои расмӣ 16, вале ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ то чиҳил кушта барҷой гузошт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

