Муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар твитте аз поёни музокироти ғайримустақими Эрону Амрико дар Доха барои эҳёи тавофуқи атомӣ хабар дод. Энрике Мора мегӯяд, ҳанӯз пешрафте, ки тими Иттиҳодияи Аврупо ба он умедвор буд ҳосил нашудааст.
Ӯ бо ишора ба ду рӯзи “музокироти фишурда” мегӯяд, музокирот ба пешрафте, ки тими Иттиҳодияи Аврупо ба унвони ҳамоҳангкунандаи гуфтугӯҳо ба он умедвор буда, даст наёфтааст. Мора дар айни ҳол аз идомаи талошҳо барои бозгардондани тавофуқ ба масири аслӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии таслиҳоти атомӣ ва эҷоди субот дар минтақа хабар дод.
Пеш аз ин ахбори зиддуннақизе дар бораи сири ин музокирот мунташир шуда буд. Хабаргузории Тасним рӯзи чаҳоршанбе, 29 июн аз поёни музокироти бенатиҷаи ду рӯзаи Эрону Амрико бар сари эҳёи Барҷом хабар дода буд.
Тасним, хабаргузории наздик ба Сипоҳи посдорон дар нахустин гузориши худ навишта буд: “он чизе, ки монеъ аз ба натиҷа расидани ин даври музокирот шуда, пофишории Амрико бар тарҳи пешниҳодӣ дар Вена аст, ки шомили “кафолати лағви таҳримҳои иқтисодии Эрон” намешавад.
Тасним иддао карда буд, ки Вашингтон ба думболи эҳёи Барҷом ба манзури маҳдуд кардани Эрон бидуни дастоварди иқтисодӣ аст.
Ин хабаргузорӣ навишта буд, нишасти Доха ҳам “ба далели заифии давлати Байден ва адами тавоноӣ дар тасмимгирии ниҳоӣ” наметавонд таъсири хоссе дар пешрафти музокирот дошта бошад.
Вазорати хориҷаи Эрон: Музокирот идома дорад
Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бар хилофи гузориши Тасним гуфта буд музокироти дуруза ҳанӯз ба интиҳо нарасида ва асри дирӯз (чаҳоршанбе, 29 июн) нишасти дигаре миёни Алӣ Боқирӣ, музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Энрике Мора, муовини масъули сиёсати хориҷии Аврупо (Жозеп Боррел) баргузор хоҳад шуд.
Канъонӣ афзуда буд музокироти Доха дар фазои ҳирфаӣ ва ҷиддӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири хориҷаи Эрон ҳам як рӯзи қабл аз шурӯъи ин музокирот гуфта буд, ки дар сурати ҷиддӣ будани Амрико, тавофуқ дар ин марҳала дар дастрас аст.
Ҳамзамон бо интишори хабари Тасним, хабаргузории давлатии ИРНА бо истинод ба як “манбаъи огоҳ дар маҳалли музокироти Доха”, навишта буд: “музокироти Доха дар рӯзи дувум ҳамчунон идома дорад ва ҳанӯз ба поён нарасидааст. ИРНА таъкид кардааст, ки дар ин давр аз музокирот, тарафи аврупоӣ низ машғули ифои нақши худ буда аммо мавориде, ки байни ду тараф буда, ҳамчунон дар ҳоли пайгирӣ ва гуфтугӯ аст.
Музокироти Эрон ва Амрико дар салонҳои ҷудогона
Алӣ Боқирӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон ва музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи сешанбе, 28 июн вориди Доха, пойтахти Қатар шуд.
Роберт Мали, намояндаи вижаи Иёлоти муттаҳида дар умури Эрон ҳам ба Доха рафт.
Музокироти Эрон ва Амрико ба таври ғайримустақим баргузор шуд ва ҳайатҳои музокиракунандаи ду кишвар дар салонҳои ҷудогона ҳузур доштанд ва аз тариқи “миёнчӣ” бо якдигар дар тамосу гуфтугӯ буданд.
Музокироти эҳёи тавофуқи ҳастаии соли 2015, ки дар Вена, пойтахти Утриш дар ҷараён буд, соли ҷорӣ бидуни расидан ба натиҷа, мутаваққиф шуд ва дар ин муддат танишҳо бар сари парвандаи ҳастаии Эрон низ афзоиш ёфт.
Алорағми тамоюл ва талошҳои ҳар ду тараф барои эҳёи Барҷом ихтилофи назарҳо ҳамчунон идома дорад. Замонатҳои марбут ба адами такрори хурӯҷи Амрико аз Барҷом ва ҳазф ё мондани Сипоҳи посдорон дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Иёлоти муттаҳида аз ҷумлаи ин ихтилофи назарҳост.
Аз дигар сӯ талоши Амрико барои он ки эҳёи Барҷом бо кушоишҳое дар гуфтугӯ бо Эрон дар бораи сиёсатҳои мушакӣ ва минтақаияш ҳамроҳ бошад музокиротро бо чолиш рӯ ба рӯ кардааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

