Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар интизори Бек Сабур ва Нуриддин Саид. Нишастҳои матбуотӣ шурӯъ мешаванд

Дар интизори Бек Сабур ва Нуриддин Саид. Нишастҳои матбуотӣ шурӯъ мешаванд

Дар Тоҷикистон аз рӯзи 11 июл нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал оғоз мешаванд.  Бо вуҷуди ин ки вазирону раисон бо ҳар баҳона мекӯшанд аз суолҳои хабарнигорон гурезанд ва бо сӯҳбатҳои муқаддимавии тӯлонӣ барои суолҳо замони бисёр кам боқӣ мегузоранд, ин нишастҳо аз ҳаводиси серинтизор барои матбуот дар Тоҷикистон аст.

Дар нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мегардад, ба намояндагони ВАО ҳақ дода мешавад ба саволҳои худ посух гиранд, амо имкони гирифтани посух бисёр маҳдуд аст.

Посухи вазирону раисон, ки аксар ғайрикасбӣ ва берун аз мавзӯъи суол садо медиҳад, муддатҳо ба мавзӯъи баҳсу шӯхиҳо дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ табдил мешаванд. Аз вазирону раисони «серхаридор» дар нишастҳои матбуотӣ Бек Сабур, раиси хадамоти алоқа ва Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ҳастанд, ки посухҳои чанд сол қаблашон ҳам ҳанӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ «мэм» мешаванд.

Тибқи ҷадвали тасдиқшуда нишастҳои матбуотӣ рӯзи 5 август ба анҷом мерасанд.

Ёдовар мешавем, ки барои аввалин бор фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи баргузории нишастҳои матбуотии семоҳа 4 марти соли 2005 ба манзури таъмини шаффофият дар фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии расонаҳо ба манобеи расмии иттилоъ содир шуда буд.

Моҳи сентябри соли 2011 ба ин фармон тағйирот ворид шуд, ки тибқи он роҳбарони вазорату идораҳои кишвар бояд дар шаш моҳ як маротиба бо намояндагони ВАО мулоқот кунанд.

Гуфтанист, худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ин ду даҳсолаи охир боре ҳам нишасти матбуотӣ доир накардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular