Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМавзуна Чориева роҳбари созмони «Олимпикҳои Тоҷикистон» интихоб гардид

Мавзуна Чориева роҳбари созмони «Олимпикҳои Тоҷикистон» интихоб гардид

Дар Тоҷикистон як созмони ҷамъиятии “Олимпикҳои Тоҷикистон” таъсис ёфт. Нахустин нишасти ин созмон як рӯз пеш, 29 июн дар Душанбе баргузор шуд.

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии Кумитаи миллии олимпии (КМО) ҶТ, дар ин нишаст 11 нафар ширкаткунандагони Бозиҳои олимпӣ, дабири кулли КМО Муҳаммадшо Абдуллозода ширкат карданд.

Бо дастгирии иштирокдорони конфронс директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ғолиби Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон Мавзуна Чориева роҳбари созмони ҷамъиятии «Олимпикҳои Тоҷикистон» интихоб шуд.

Дар асоси Оиннома вазифаи «Олимпикҳои Точикистон» аз он иборат аст, ки иштироккунандагони Бозиҳои олимпиро муттаҳид созанд, онҳоро намояндагӣ кунанд, талаботи онҳоро дар тӯли ҳаёташон қонеъ гардонанд.

Олимпикҳо бо шаҳодатномаҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular