Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШойгу ва Мирзо масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд

Шойгу ва Мирзо масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Мирзо дар як тамоси телефонӣ масоили амнияти минтақаро баррасӣ кардааст.

Тавре  дафтари матбуоти вазорати дифои Русия хабар медиҳад, вазирон ҳамчунин вазъи ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннии Русияву Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Гуфтанист,  Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки рӯзи 28 июн ба Душанбе омада, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда буд.

Ба иттилоъи манбаъ, зимни мулоқот Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон равобити дуҷониба ва авзоъ дар минтақаро бо таваҷҷуҳ ба Афғонистон гуфтушунид кардаанд. Ҳамчунин  дурнамои пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular