Ба гуфтаи президенти Белорус, маҳз Осиёи Марказиро хатари ба макони ҷанги навбатӣ барои таҷдиди ҷаҳон аз ҷониби Ғарб ва Чин табдил шудан таҳдид мекунад. Ӯ гуфт, ки Осиёи Марказӣ метавонад ба зудӣ макони набардҳои навбатӣ барои тақсими ҷаҳон гардад.
Ин изҳоротро президенти Белорус Александр Лукашенко зимни суханронӣ дар як ҷаласаи тантанавӣ дар остонаи Рӯзи истиқлолияти ин кишвар баён дошт.
Лукашенко бар ин назар аст, ки дар ояндаи наздик дар минтақаи Осиёи Марказӣ шояд муборизаи ду маркази қудрат — Амрикову Иттиҳодияи Аврупо аз як сӯ ва Чин аз сӯи дигар сурат гирад.
Александр Лукашенко афзуд, ки ин мубориза метавонад дар ояндаи наздик оғоз шавад, зеро «аломатҳо аллакай пайдо шудаанд».
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

