Ҳафтаи оянда баҳси додгоҳии Вазорати молияи Тоҷикистон бо корхонаи азими алюминий ва «Талко менеҷмент» баргузор хоҳад шуд.
Даъвогар дар ин баҳс Вазорати молия аст, ки мегӯяд, ширкати «Талко менеҷмент» фоиз ё баҳраҳои қарзи вазоратро саривақт напардохтааст ва акнун бояд бо ҷарима баргардонад.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, «Талко менеҷмент» ба Вазорати молия беш аз 914 ҳазор доллар муодили 11 миллиону 885 ҳазор сомонӣ ва 1 миллиону 842 ҳазор юани чинӣ муодили 37 миллиону 605 ҳазор сомонӣ фоизи қарзҳоро саривақт насупорида, муқаррароти созишномаи байни ду тарафро иҷро накардааст.
Гуфта мешавад, байни ду тараф “баҳс дар додгоҳ баррасӣ мешавад.”
Ба иттилоъи манбаъ, ширкати “Талко” қазияро шарҳ надодааст ва ҷузъиёт ҳам маълум нест.
Корхонаи алюминийи Тоҷикистон бузургтарин корхонаи давлатӣ ва саноатии кишвар аст, ки солона садҳо ҳазор тонна алюминий истеҳсол ва содирот мекунад ва дар гузашта ҳам дар додгоҳҳо баҳсҳои молӣ доштааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

