Имкон дорад қатъномаи Иттиҳоди Аврупо дар боари Бадахшон ба зудӣ содир шавад. Дар баррасие, ки дирӯз, 6 июл дар Порлумони Аврупо баргузор шуд, ҳамаи эътилофҳо аз пешниҳоди нашри қатънома дастгирӣ карданд.
Дар ин баррасӣ вакилони маҷлиси қонунгузории Иттиҳоди Аврупо аз истифодаи нерӯ алайҳи сокинони норозии ВМКБ, кушта шудани сокинони осомшта, поймол шудани ҳуқуқи инсон ва фишор ба матбуоту рӯзноманигорон изҳори нигаронӣ карданд. Вакилони Парлумони Аврупо талаб карданд, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд бо назардошти уҳдадориҳои Тоҷикистон ба риояи эъломияи ҳуқуқи башар ва қонунҳои худи ин кишвар ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оварад.
Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки бояд ба ҳукумати Тоҷикистон расонда шавад, ки ниҳодҳои интизомияш тибқи асли волоияти қонун амал намоянд ва ба фишору саркӯб хотима диҳанд.
Қаблан Комисюни Аврупо эълом дошт, ки вазъият дар ВМКБ ва куллан Тоҷикистонро бо диққати тамом пайгирӣ мекунанд ва хостори таҳқиқи байнулмилалӣ ва мустқилонаи ин руйдодҳо буда, нигарониҳои худро дар машваратҳои сиёсӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябр иброз хоҳанд дошт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

