Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти сарварии Аҳмад Масъуд ният дорад, ки дар Душанбе бо Толибон нишаст баргузор кунад. Рӯзи баргузории конфронс ҳоло маълум нест, вале даъвати намояндагони аҳзоби сиёсӣ, зиёиён, ходимони ҷамъиятӣ ва дигарон, ба сурати умум боз 50 нафари дигар низ ба кори он дар назар аст.
Хабаргузории Sputnik бо такя ба манбаи худ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ин бора хабар дода менависад, “Ҳадафи конфронс ҷустуҷӯи роҳҳалли сиёсӣ барои буҳрон ва ҳам эҷоди як ҳукумати ҳамашумул бо ширкати тамоми нерӯҳои сиёсӣ дар Афғонистон аст”.
Аммо хабаргузории “Азия-Плюс” навиштааст, ки сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон чунин маълумотро тасдиқ накардааст.
Ҳамчунин бино ба маълумоти хабаргузории АзияПлюс Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ин маълумотро на тасдиқ кардаасту на инкор. Аммо аз шарҳи ҷузъиёт худдорӣ намуда, танҳо тасдиқ кардааст, ки ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки маълумот дар бораи вохӯрии Аҳмади Масъуд бо толибон дар Тоҷикистон пас аз сафари президенти Русия ба Душанбе рӯзи 28 июн пайдо шуда, тибқи баъзе маълумот Владимир Путин дар ин ҷо бо Масъуд гуфтушунид ва бо назари ӯ дар бораи вазъи Афғонистон шинос шудааст.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд дар гумон аст Толибон барои мулоқот бо Аҳмад Масъуд дар Душанбе розӣ шаванд. Ба андешаи онҳо ҳатто дар сурати пайдо шудани тавофуқ дар бораи вохӯрӣ, он дар Душанбе сурат нахоҳад гирифт, чун Тоҷикистон ошкоро аз Ҷабҳаи муқовимат ҳимоя мекунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

