Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИттиҳодия Аврупо сохтмони НОБ Роғунро сармоягузорӣ мекунад?

Иттиҳодия Аврупо сохтмони НОБ Роғунро сармоягузорӣ мекунад?

Иттиҳодия Аврупо қасд дорад дар сохти Неругоҳи обию барқии Роғун дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад, то вобастаги минтақа ба энерҷиии Русияро коҳиш диҳад. Интизор меравад ин сади 335 метрии барқи обӣ баландтарин сади ҷаҳон бошад ва кулли пружа ҳудуд 8 миллиард доллар ҳазина хоҳад дошт. 

Иттиҳодияи Аврупо сармоягузори аслӣ дар сохти Неругоҳи обию барқии Роғун дар Тоҷикистон хоҳад шуд, то вобастаги Осиёи марказӣ ба энерги Русияро коҳиш диҳад. Дар ин бора Рейтерз бо истинод ба мақомоти аврупоӣ менависад. 

Бонки сармоягузории Аврупо (EIB) то кунун барои сохти ин неругоҳ, ки тавассути ширкати сохтмонии италиёии Webuild анҷом мешавад, сармоягузорӣ накардааст, аммо аввали ин ҳафта Комиссиюни Аврупо аз бонк хост то  «бузургтарин сармоягузор» дар ин пружа шавад. 

Намояндаи EIB гуфтааст бонк дар ҳоли баррасии имкони сармоягузории муштарак бо Комиссиюни Аврупо аст, ки буҷаи Иттиҳодия Аврупоро контрол мекунад ва ҳамчунин метавонад дар бозорҳо пул ҷамъоварӣ кунад. Як мақоми аршади Иттиҳодия Аврупо таъйид кард, ки ин иттиҳодия омодаи баррасии таъмини молии ин пружа аст. 

Намояндаи Бонки сармоягузории Аврупо аз посух ба саволҳо дар мавриди андоза ва далели сармоягузории оянда худдорӣ кард. Ин мақоми аврупоӣ, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, зеро иҷозаи сӯҳбат бо расонаҳоро надошт, гуфт, ки Иттиҳодия Аврупо мехоҳад сармоягузори аслӣ дар НОБ Роғун бошад, то Тоҷикистон ва ҳамсоягонашро аз энерҷии Русия мустақил кунад. Ў таъкид кард, ки Иттиҳодия Аврупо мехоҳад ба «истиқлоли энерҷии Осиёи Марказӣ аз Русия» даст ёбад. 

Далер Ҷумъа вазири энерҷии Тоҷикистон дар моҳи июн ба Рейтерз гуфтааст интизор меравад кулли пружа ҳудуди 8 миллиард доллар ҳазина дошта бошад, ки 3 миллиард доллари он қаблан масраф шудааст. 

Як мақоми Иттиҳодия Аврупо, ки вориди масъала аст ба Рейтерз гуфтааст, ки то кунун, буҷаи ин пружа умдатан аз тариқи авроқи қарзии давлати Тоҷикистон ва вомҳои хусусӣ таъмин шудааст, аммо Душанбе пеш аз ин барои такмили сохти он ба Иттиҳодияи Аврупо барои кумаки молӣ ва фановарӣ муроҷиат кардааст. 

Ин хабаргузорӣ менависад: пешбинӣ мешавад пас аз итмоми ин пружа, садди Неругоҳи обию барқии Роғун бо баландии 335 метр ба баландтарин садди ҷаҳон табдил шавад. Ин мақоми Иттиҳодияи Аврупо гуфт: тасмими ниҳоӣ дар мавриди сармоягузори Иттиҳодия Аврупо дар сохти ин нерӯгоҳ метавонад то семоҳаи чаҳоруми соли 2022 гирифта шавад. Давлат Тоҷикистон аз изҳори назар худдорӣ кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular