Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ раиси маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон ва собиқ раисҷумҳури ин кишвар, шомгоҳи якшанбе, 8 январ 2017 дар син 82 солагӣ дар асари оризаи қалбӣ даргузашт.
Ба гузориши манобеъи хабарӣ, Ҳошимии Рафсанҷонӣ ибтидо дар асари оризаи қалбӣ ба бемористон мунтақил шуд, аммо раванд эҳёи қалби ӯ муваффақ набуд ва дар ниҳоят даргузашт.
Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ рӯҳонии сиёсатмадори эронӣ, раиси маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, намояндаи мардуми Теҳрон дар маҷлис хубрагони раҳбарӣ ва раиси ҳайати муассисини донишгоҳи озоди исломӣ буд.
Вай нахустин раиси маҷлиси шӯрои исломӣ ва чаҳорумин раисҷумҳури Эрон дар ду давраи паёпай байни солҳои 1989 то1997 буд ва ба унвони яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои сиёсии ҷумҳурии исломӣ шинохта мешавад. Ӯ дар ҳама давраҳои маҷлиси хубрагон намояндаи раҳбар буд ва аз соли 2009 то 2013, дуввумин раиси ин маҷлис буд.
Дар муборизаҳои инқилоби Эрон ва солҳои пас аз он, ӯ аз яке аз наздиктарин шахсиятҳои Эрон ба Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.
Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар сол 2005 дар интихобот раёсати ҷумҳурӣ ширкат кард, ки дар даври дуввум аз Маҳмуд Аҳмадинажод шикаст хӯрд.
Дар ҷараён интихобот раёсати ҷумҳурии ҷанҷолбарангези соли 2009 Ҳошимӣ ва хонаводаи ӯ аз Мирҳусайн Мусавӣ, номзади ислоҳталабон ҳимоят карданд ва худи ӯ низ дар охирин намозҷумъае, ки дар Теҳрон иқома кард ва пас аз он дар маҳофили хусусӣ аз саркӯби мӯътаризон ба натоиҷи ин интихобот интиқод кард. Ин интиқодот боис шуд, ки аз сӯи мароҷеъи ҳукуматӣ ба ҳамсӯӣ бо «фитнагарон» муттаҳам шуда ва ба тадриҷ ҷойгоҳи имомати намозҷумъа, раёсати маҷлиси хубрагон ва таъсиргузорӣ бар донишгоҳи озоди исломиро аз даст дод.
Рафсанҷонӣ дар соли 2013 барои чаҳорумин бор дар интихоботи раёсат ҷумҳурӣ номзад шуд, ки салоҳияти вай аз сӯи шӯрои нигаҳбон қабул нашуд. Бо пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, бо таваҷҷӯҳ ба робитаи наздики ӯ бо Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва ҳимояти Ҳошимӣ аз вай дар ҷараёни интихобот, хонаводаи Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба тадриҷ мақоми сиёсии худро бозёфтанд.