Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚимати сабзавот боло рафтааст

Қимати сабзавот боло рафтааст

Дар Тоҷикистон дар авоили моҳи июл дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта нархи сабзавот, хусусан пиёзу бодиринг хеле боло рафтааст.

Истеҳсолкунандагон афзоиши қимати маҳсулоташонро дар боло рафтани нархи нуриҳои минералӣ, ки имсол барои 1 кг 10-15 сомонӣ мехаранд, рабт медиҳанд. Илова бар ин, ба назари онҳо, имсол қимати сӯзишворӣ ва кори кироя хеле боло рафтааст.

Кишоварзон афзоиши содироти баъзе навъҳои сабзавоту меваҷот, назири пиёзу ангурро омили дигари болоравии қимати маҳсулоти кишоварзӣ медонанд.

Илова бар ин, дехконон тачрибаи пешгуикунй надоранд, касе маслихат намедихад, ки имсол кадом зироат серталаб бошаду кадомаш не.

Дар бобати бодиринг бошад, дехконон ба обу хавои номусоид,  дар мохи май  рабт медищанд. Мощи май борон борид, ба растанихо таъсири бад расонд ва боиси паст шудани хосил гардид.

Аммо истеҳсолкунандагон иддао доранд, ки болоравии нархи маҳсулот ба ҷашни Иди Қурбон рабте надорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular