Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДидбонгоҳи «Маҳдӣ Арсалон»дар марзи Тоҷикистон

Дидбонгоҳи «Маҳдӣ Арсалон»дар марзи Тоҷикистон

Толибон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба сохтмони дидбонгоҳи нав оғоз кардаанд, иттилоъ додааст Радиои Озодӣ. 

Бо сохтмони дидбонгоҳи нав Маҳдӣ Арсалон, ё Муҳаммад Шарипови 27-сола аз ноҳияи Нуробод, ки мақомоти Тоҷикистон ҳашт сол боз ба иттиҳоми терроризм меҷӯянд, дар наздикии дидбонгоҳ бар пояи куҳе  «M.Arsalon» навишта,  намоишкорона дар лаби рӯди Панҷ гаштугузор мекардааст.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ӯро ба руихати дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ будагон ворид кардаанд, вале Толибон дар идораи марзи Афғонистон ба ӯ мақом додаанд.

Марзбонон ба расонаҳо гуфтаанд, «Онҳо аз он тарафи Ому бо баландгӯяк ва бо лаҳҷаи тоҷикӣ суҳбат карда, байни якдигар мақомоти тоҷикро дашном медиҳанд.  ва бо ин, мехоҳанд, иғво ангезанд».

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба мисли Маҳдӣ Арсалон беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи Толибон ҳастанд. Онҳоро «Толибони тоҷик» ном мебаранд.

Радиои Озодӣ бо истинод аз як манбаъаш менависад, дар идораи марзбонии Бадахшон, Маҳдӣ Арсалон дар Идораи сарҳадбонии зери назорати Толибон дар панҷ ноҳияи Дарвози Афғонистон мақом дошт, вале ҳоло ба ноҳияи Хоҳони ин кишвар рафтааст. Хоҳон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин), нуқтаи назораташ душвор дар сарҳади байни Афғонистону Тоҷикистон ҷойгир аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular