Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБердимуҳаммадов 26 вазирро барканор кард

Бердимуҳаммадов 26 вазирро барканор кард

Сардор Бердимуҳаммадов, раисыумщури Туркманистон дар ҳукуматаш тағйироти кадрӣ анҷом дода, якбора 26 вазирро аз мақом барканор кардааст. Ин тағйирот рӯзи 8 июл сурат гирифтааст.

Ба ин тартиб, ноиб-сарвазир дар умури маориф, илм, тандурустӣ, варзиш, ҷавонон ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ноиби раиси девони вазирон дар умури иқтисодӣ, бонкӣ ва созмонҳои молии байналхалқи Туркманистон аз мақом барканор шудаанд.

26 вазири дигари ҳукумати Туркманистон аз мақомҳо барканор ва бархе ба мақомҳои дигар таъйин шудаанд. Ин бузургтарин тағйироти кадрӣ дар Туркманистон баъди сари қудрат омадани Сардор Бердимуҳаммадов аст. Бердимуҳаммадов моҳи марти соли ҷорӣ сари қудрат омад.

Туркманистон ҳамчунин сафиронашро дар Австрия, Ҷопон, Белгия, Фаронса, Туркия, Озарбойҷон, Украина ва Куриёи Ҷанубӣ иваз кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular