Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти навбатии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 15 ва 16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор мешавад, ба узвияти ин созмон пазируфта хоҳад шуд. Дар ин бора, тибқи иттилоъи , иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов хабар додааст.
Гуфтанист, Эрон солҳост, ки кӯшиш дорад шомили СҲШ шавад, аммо то ду сол қабл ба зиддияти шадиди Тоҷикистон мувоҷеҳ буд ва наметавонист ба узвият пазируфта шавад. Тибқи қоидаи созмон, барои қабули узви нав бояд ҳамаи аъзо раъйи мусбат диҳанд.
“Имсол дар доираи раёсати Ӯзбекистон Эрон ба ҳайати СҲШ қабул мешавад. Дар Самарқанд ҳамчунин дар бораи уҳдадориҳои Эрон ба ҳайси узви Созмон Ёддошт ба имзо мерасад”, — изҳор доштааст Норов рӯзи 11 июл зимни кори як мизи мудаввар дар Маскав.
Эрон, ки аз соли 2012 мақоми нозирро дар Созмон дорад, ҳанӯз соли 2008 дар бораи қабул ба ҳайати Созмон ба сифати узви комилҳуқуқ дархост пешниҳод намуд, лекин бар асари реҷаи таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ нисбати Эрон, ин масъала ҳалношуда боқӣ мемонд. Соли 2015 баъди ба истилоҳ муомилоти ҳастаӣ бо Эрон таҳримҳо нисбати ин кишвар бекор шуданд.
Номзадии Эронро сарони кишварҳои узви Созмон ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта дастгирӣ карда буданд. Аз ҷумла 17 сентябри соли 2021 Владимир Путин зикр карда буд, ки Кремл ҳамеша ҷонибдори иштироки пуррааву ҳамаҷонибаи Тезрон дар кори СҲШ аст.
Созмони ҳамкории Шанхай бо имзои баёнияи дахлдор аз ҷониби сарони кишварҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Афғонистон, Беларус ва Муғулистон — кишварҳои нозири Созмон, Озарбойҷон, Арманистон, Кммбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка — кишварҳои шарики Созмон мебошанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳо байни кишварҳои Созмон дар сатҳҳои гуногун — аз таъмини сулҳу субот то табодули донишу технологияҳо дар илму фарҳанг ва маориф роҳандозӣ мешаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

