Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚурби евро бо доллар баробар шуд

Қурби евро бо доллар баробар шуд

Ҳар евро бо 1 доллар баробар шуд. Сукути пули воҳиди аврупоӣ ба поинтарин сатҳ дар 20 соли гузашта расид.

Нархи евро дар муқобили ҳар доллари Амрико дар ҷараёни муомилоти рӯзи душанбеи бозори ҷаҳонии арз таҳти таъсири нигарониҳои мавҷуд дар хусуси доман задани буҳрони энерыӣ ба рукуди иқтисодӣ дар Аврупо ва эҳтимоли афзоиши бештару сареътари сатҳи баҳраи бонкӣ дар Амрико, ба поинтарин сатҳ дар 20 соли гузашта расид. 

Дар ҳамин ҳол, хатти лӯлаи Нордстрим-1, ки бузургтарин ва танҳо хатти лӯлаи интиқоли гази Русия ба Олмон аст, аз рӯзи душанбе барои анҷоми таъмироти солона ба муддати 10 рӯз мутаваққиф шуд. Таваққуфе, ки ба тахмини коршиносони иқтисодӣ метавонад ба далели идомаи ҷанги Укроин тӯлонитар шавад. 

Дар ҳамин ҳол, тозатарин гумонзаниҳо ҳокӣ аз афзоиши 75 воҳиди дарсадии нархи баҳра аз сӯи Федерал резерв (бонки марказии Амрико) дар поёни нишасти 27-26 июли сиёсатгузорони пули Иёлоти муттаҳида аст. Иқдоме, ки бо ҳадафи гирифтани роҳи ҷаҳиши таваррум дар Амрико сурат мегирад. Таварруми солона дар моҳи июн дар Иёлоти муттаҳида ба 8.8 дарсад расида, ки дар чаҳор даҳаи гузашта бесобиқа будааст. 

Бад-ин тартиб, тайи муомилоти рӯзи душанбеи бозорҳои қимати ҳар доллари Амрико дар муқобили евро ба болотарин сатҳ аз ибтидои ноябри 2002 то кунун расид. 

Ҳарчанд евро дар аввали январи 1999 ба унвони арзи ҷадиди байналмилалӣ ба бозорҳои молии ҷаҳон муаррифӣ шуд вале сиккаҳо ва аскиносҳои физикии евро дар рӯзи нахусти январи 2002 ба гардиш афтод ва то марти 2002 ба таври комил ҷойгузини арзҳои қаблии кишварҳои узви паймони евро шуд. 

Дар январи 2002 ҳар доллари Амрико дар муқобили 1.12 евро муомила мешуд. Қурби ин ду арз умдаи ҷаҳонӣ дар рӯзи нахусти ноябри 2002 баробар шуд ва пас аз он ва то пеш аз додуситадҳои дирӯз (сешанбе 12 июн) доллари Амрико арзиши камтар аз евро дошт. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular