Кремл танҳо як рӯз пас аз ин, ки Амрико Эронро ба ирсоли паҳподҳое бо қобилияти ҳамли силоҳ ба Русия муттаҳам кард, аз қатъӣ шудани сафари ҳафтаи ояндаи Владимир Путин ба Теҳрон хабар дод.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кохи Кремл рӯзи сешанбе эълом кард, ки раисҷумҳури Русия сешанбеи оянда 19 июл барои ширкат дар дидори сеҷониба бо ҳамтоёни эронӣ ва турки худ дар чорчуби музокироти Остона барои ҳалу фасли дипломатики масоили Сурия ба Теҳрон сафар мекунад.
Бад-ин тартиб, Путин билофосила пас аз поёни сафари Ҷо Байден ба Исроил ва Арабистони саудӣ бо меҳварияти барномаи ҳастаии Эрон озими Теҳрон хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Муҳаммадризо Пуриброҳимӣ, раиси комиссияи иқтисодии Маҷлиси Эрон, Ҷумҳурии Исломӣ умедвор аст, ки сафари Путин ба Теҳрон дар шароите, ки ҳар ду кишвар таҳти таҳримҳои Амрико қарор доранд, заминаи густариши ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаи Эрон ва Русияро фароҳам кунад.
Сухангӯи Кремл ҳамчунин таъйид кард, ки раисҷумҳури Русия дар Теҳрон дидори дуҷонибаеро низ бо Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия хоҳад дошт, ки меҳвари он хориҷ аз чорчуби масоили Сурия хоҳад буд. Урдуғон дар марти гузашта мизбони нахустин нишасти расмии Русия ва Укроин пас аз оғози таҳоҷуми низомии Русия алайҳи ин кишвар буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

