Дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 340 ҳазор тон сузишворӣ ворид шуд.
Тавре вазорати энерегетика ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумот дод, ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 41% бештар аст.
Аз ҷумла, аз Русия 128 ҳазор тон бензин, 175 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ, наздики 7 ҳазор тон авиакеросин, беш аз 9 ҳазор тон гази моеъ, инчунин битум, равғани молиданӣ ва кокс бо ҳаҷми умумии 21 хазор тон ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ беш аз 575 ҳазор тон сузишворӣ, аз ҷумла ҳудуди 392 ҳазор тон маҳсулоти нафтӣ ва беш аз 183 ҳазор тон гази моеъ ворид кардааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

