Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМиллиардҳо рубл дар бонкҳои Қазоқистон ҷамъ шудаанд

Миллиардҳо рубл дар бонкҳои Қазоқистон ҷамъ шудаанд

Дар бонкҳои тиҷоратии Қазоқистон миқдори зиёди рубли нақди русӣ ҷамъ шудааст.

«Ин ҳолат баъди он рух дод, ки мақомоти Қазоқистон берун бурдани асъори хориҷиро манъ карданд,» — хабар доданд дар Бонки миллии Қазоқистон.

Яке аз дигар сабабҳои ҷамъшавии рубли русӣ, ба иттилои Бонки миллии Қазоқистон, ба афзоиши ҳаҷми тиҷорат бо Русия ва равуои озодонаи шаҳрвандони Русия ба Қазоқистон рабт дорад.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ президенти Қазоқистон бо имзои як фармон берун бурдани асъори хориҷиро аз кишвараш маҳдуд кард. Аз он замон то кунун шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам шаҳрвандони Қазоқистон ҳақ надоранд, ки бештар аз 10 ҳазор долларро ба хориҷ баранд.

Ҳаҷми дақиқи рублҳои русии ҷамъшуда дар бонкҳои Қазоқистон хабар дода намешавад. Расонаҳо менависанд, дар охири моҳи май ҳаҷми умумии рубли нақд дар бонкҳои Қазоқистон ҳудуди 20 то 35 млрд-ро ташкил медод. Ҳоло эҳтимол дорад, ин нишондод афзуда бошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular