Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоТаслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ

Таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун!

Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даргузашти Оятулллоҳ Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, руҳонӣ, сиёсатмадор ва раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Ҷумҳурии исломии Эронро ба миллат ва давлати Эрон ва хонаводаи марҳум таслият мегӯяд.

Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ шахсияти барҷаста ва сиёсатмадори тавоное буд, ки бо миёнаравиҳо ва умқи нигариши худ ба масоили ҷаҳонӣ, таъсири босазое дар ҳалли бӯҳронҳои минтақа ва ҷаҳон гузошт.

Марҳум илова бар шахсияти маъруф ва шинохта буданаш, барои мардуми Тоҷикистон аз он ҷиҳат шинохташуда ва сазовори эҳтиром буд, ки дар оғози музокирот барои ҳалли низоъи тоҷикон ва ба натиҷарасии он дар даҳаи 90-уми мелодӣ саҳми бевосита дошт. Аз ҷумла, дар замони раёсатҷумҳурии ӯ, се даври музокироти сулҳи тоҷикон дар шаҳри Теҳрон доир гардид. Илова бар ин, дар замони раёсатҷумҳурии вай, Эрон аввалин кишваре буд, ки сафорати худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд.

Ҳамчунин бо ибтикори бевоситаи марҳум Рафсанҷонӣ, дар соли 1995 Устод Саид Абдуллоҳ Нурӣ, раиси Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) ва раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон бо ҳам вохӯрданд, ки барои барқарории сулҳ дар кишвар ва хатми ҷанги шаҳрвандии 5-сола гоми муҳимме маҳсуб мешуд. Хидмати ҷасурона ва миёнҷигарии шоистае, ки ҲНИТ ва мардуми мусалмони Тоҷикистон аз ёд нахоҳанд бурд.

Ёду хотираи эшон гиромӣ ва манзили охираташон обод бод!

Раёсати Олии ҲНИТ
09.01.2017

 

*Манбаъ:

Сафҳаи фейсбукии Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Сухангӯи ҲНИТ

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика