Дар маркази маъмурии ноҳияи Ашт, шаҳраки Шайдон, дар ду се моҳи охир чанд хона паиҳам ба коми оташ рафт. Гуфта мешавад, аксари хонаҳои дучори сухторшуда, беодам буда, соҳибонашон дар муҳоҷират будаанд.
Як манбаъи Паём, ки нахост номаш зикр шавад, бо ирсоли ин хабар гуфт, ки дар байни овозв ҳаст, ки ин корро худи мақомот махсус ташкил кардаанд.
“5, 6 нафар милиса мегарданд, аммо то ҳол оташзанҳоро пайдо накарданд. Мардум мегӯянд худи мақомоти маҳаллӣ дар ин сӯхторҳо даст доранд, чун солҳои охир кӯчидани аҳолӣ ба Русия хеле шиддат гирифтааст. Мардум хонаводагӣ ба Русия кӯчида истодаанд”, — гуфт манбаъи Паём.
Аз ин пеш, моҳи майи соли гузашта, дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғоз, се хона якбор ба коми оташ рафта буд, ки соҳибонашон оилавӣ дар Русия будаанд.
Баъди ин ҳаводис аҳолии деҳаҳо дар Ашт мекӯшанд, ҳангоми муҳоҷирати хонаводагӣ ҳади ақал як узви оиларо ба посбонии хона муваззаф кунанд ва дар Ватан боқӣ гузоранд. Манбаъ мегӯяд, бо ин вуҷуд кӯчидани саросарии аҳолӣ ба Русия дар ҳоли афзоиш аст ва дар баъзе деҳаҳо аз се як ҳиссаи аҳолӣ ҳам боқӣ намондааст.
Ҳанӯз маълум нест ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд ва оё воқеъан сӯхторҳо кори дасти мақомотанд ё дуздҳо. Аммо дар як деҳа паиҳам сӯхтани чанд хона ва такрор шудани ин кор дар деҳаҳои дигар ва то ҳол пайдо нашудани ҳеҷ гумонбаре ангушти иттиҳомро сӯи мақомот мегардонанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

